Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу қассоб аз ғазаб хунинишоне,
Чу наффот аз бурут оташфишоне.
Суханҳои бадаш таълим карданд,
Ба зар ваъда, ба оҳан бим карданд.
Фиристоданд сӯи Бесутунаш,
Шуда бар ноҳифозӣ раҳнамунаш.
Чу чашми шӯхи ӯ Фарҳодро дид,
Ба дасташ дашнаи пӯлодро дид,
Ба сони шери ваҳшӣ ҷаста аз банд,
Чу пили мастгашта кӯҳ меканд,
Дилаш дар кори Ширин гарм гашта,
Ба дасташ сангу оҳан нарм гашта,
Аз он оташ, ки дар ҷону ҷигар дошт,
На аз хешу на аз олам хабар дошт,
Ба ёди рӯи Ширин байт мегуфт,
Чу оташ теша мезад, кӯҳ месуфт.
Суи Фарҳод рафт он сангдил мард,
Забон бикшоду худро тангдил кард,
Ки эй нодони ғофил, дар чӣ корӣ,
Чаро умре ба ғафлат мегузорӣ?
Бигуфто: бар нишоти номи ёре
Кунам з-ин сон, ки бинӣ, дасткорӣ.
Чи ёр, он ёр, к-ӯ ширинзабон аст,
Маро сад бор ширинтар зи ҷон аст!
Чу марди туршрӯи талхгуфтор
Дами ширин зи Ширин дид дар кор,
Баровард аз сари ҳасрат яке бод,
Ки Ширин мурду огаҳ нест Фарҳод!
Дареғо, ончунон сарви шағабнок
Зи боди марг чун афтод бар хок?!
Зи хокаш анбар афшонданд бар моҳ,
Ба оби дида шустандаш ҳама роҳ,
Ҳам охир бо ғамаш дамсоз гаштанд,
Супурдандаш ба хоку бозгаштанд.
Дар ӯ ҳар лаҳза теғе чанд мебаст,
Ба рӯяш дар дареғе чанд мебаст.
Чу гуфт он зулфу он хол, эй дареғо,
Забонаш чун нашуд лол, эй дареғо?
Касеро дил диҳад, к-ин роз гӯяд,
Набинад в-ар бибинад, бозгӯяд?
Маҷозан нафтдор, борутдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё