Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАЪЗИЯТНОМАИ ХУСРАВ
БА ШИРИН АЗ РОҲИ ТАНЗ

Сароянда чунин афканд бунёд,
Ки чун дар ишқи Ширин мурд Фарҳод,
Дили Ширин ба дард омад зи доғаш,
Ки мурғе нозанин гум шуд зи боғаш.
Бар он озод сарви ҷӯйборӣ
Басе бигрист чун абри баҳорӣ.
Ба расми меҳтаронаш ҳулла барбаст,
Ба хокаш доду омад бод дар даст.
Зи хокаш гунбаде олӣ барафрохт
В-аз он гунбад зиёратхонае сохт.
Хабар доданд Хусравро чапу рост,
Ки аз раҳ заҳмати он хор бархост.
Пушаймон гашт шоҳ аз кардаи хеш
В-аз он озор гашт озурдаи хеш,
Дарандешиду буд андешаро ҷой,
Ки бодафроҳро чун дорад ӯ пой.
Касе, к-ӯ бо касе бадсоз гардад,
Бад-ӯ рӯзе ҳамон бад бозгардад.
Дар ин ғам рӯзу шаб андеша мекард,
Аз ин андеша ҳам рӯзе қафо хӯрд.
Дабири хосро наздики худ хонд,
Ки бар коғаз ҷавоҳир донад афшонд,
Гулаш фармуд дар шаккар сириштан,
Ба Ширин номае ширин навиштан.
Нахустин пайкари он нақши дилбанд
Тавалло карда бар номи Худованд,
Ба номи рӯшноибахши биниш,
Ки равшанчашм аз ӯ гашт офариниш,
Падидорандаи инсиву ҷонӣ,
Асарҳои заминӣ в-осмонӣ,
Фалакро карда гардон бар сари хок,
Заминро ҷои гардишгоҳи афлок.
Пас аз номи Худову номи покон
Бароварда ҳадиси дарднокон,
Ки шоҳи некувон Ширини дилбанд,
Ки хонандаш шакархоён шакарханд,
Шунидам, к-аз пайи ёре ҳаваснок
Ба мотам навбате зад бар сари хок,
Зи сунбул кард бар гул мушкбезӣ,
Зи наргис бар суман симобрезӣ,
Дуто кард аз ғамаш сарви равонро,
Ба нилуфар бадал кард арғавонро.

пешина
аз 349
навбатӣ