Ҳафтахтар Ҷилди 3

РАФТАНИ ХУСРАВ СӮИ ҚАСРИ
ШИРИН БА БАҲОНАИ ШИКОР
Чу олам барзад он заррин аламро, К-аз ӯ тороҷ бошад хайли ғамро, Маликро рағбати нахчир бархост, Зи толеъ туҳмати тақсир бархост.
Ба фоле чун рухи Ширин ҳумоюн Шаҳаншаҳ сӯи саҳро рафт берун.
Хурӯши кӯсу бонги ной бархост, Замин чун осмон аз ҷой бархост.
Аламдорон алам боло кашиданд, Далерон рахт дар саҳро кашиданд.
Бурун омад меҳини шаҳсаворон, Пиёда дар рикобаш тоҷдорон, Зи як сӯ даст бар зин баста фағфур, Зи дигар сӯ сипаҳсолор қайсур.
Камар дарбаставу абрӯ кушода, Кулоҳи кайқубодӣ каж ниҳода.
1 Ниҳода ғошиаш хуршед бар дӯш, Рикобаш карда маҳро ҳалқа дар гӯш.
Дирафши ковиёнӣ бар сари шоҳ Чу лахте абр, к-афтад бар сари моҳ.
Камаршамшерҳои зарнигораш Ба гирд-андар шуда заррин ҳисораш.
Набуд аз теғҳо перомани шоҳ Ба як майдон касеро пешу пас роҳ.
Дар он беша, ки буд аз тиру шамшер Забони гов бурда заҳраи шер.
Даҳони дурбош аз ханда месуфт, Фалакро «дур бош» аз дур мегуфт.
Саводи чатри заррин боз бар сар, Чу бар мушкин ҳисоре бурҷе аз зар.
Гар афтодӣ сари як сӯзан аз меғ, Набудӣ ҷои сӯзан ҷуз сари теғ.
2 Нафири човушон аз «дур шав, дур»
Зи гетӣ чашми бадро карда маҳҷур.
3 Тароқи миқраъа бар хоку бар санг, Адаб карда заминро чанд фарсанг.
Замин аз бори оҳан хам гирифта, Ҳаворо аз раворав дам гирифта.
4 Ҷанибаткаш вушоқони сароӣ, Равона сад-сад аз ҳар сӯ ҷудоӣ.
1
Зинпӯши асп.
2
Пешравони лашкар.
Овози тозиёна.
Ғулом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё