Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«ХУСРАВ ВА ШИРИН»

ОҒОЗИ ДОСТОН

Чунин гуфт он сухангӯи куҳанзод,
Ки будаш достонҳои куҳан ёд,
Ки чун шуд моҳи Кисро дар сиёҳӣ,
Ба Ҳурмуз дод тахти подшоҳӣ.
Ҷаҳонафрӯз Ҳурмуз дод мекард,
Ба доди худ ҷаҳон обод мекард.
Ҳамон расми падар бар ҷой медошт,
Диҳиш бар дасту дин бар пой медошт.
Насабро дар ҷаҳон пайванд мехост,
Ба қурбон аз Худо фарзанд мехост.
Ба чандин назру қурбонаш Худованд
Нарина дод фарзанде, чи фарзанд -
Гиромӣ дурре аз дарёи шоҳӣ,
Чароғе равшан аз нури илоҳӣ,
Муборактолеъе, фаррухсарире,
Ба толеъ тоҷдоре, тахтгире!
Падар дар хусравӣ дида тамомаш,
Ниҳода Хусрави Парвиз номаш.
Аз он шуд номи он шаҳзода Парвиз,
Ки будӣ доим аз ҳар кас паровез.
Гирифта дар ҳарираш доя чун мушк,
Чу марвориди тар дар пунбаи хушк.
Рухе аз офтоб андӯҳкуштар,
Шакархандидане аз субҳ хуштар.
Чу майли шаккараш дар шир диданд,
Ба ширу шаккараш мепарвариданд.
Ба базми шоҳаш оварданд пайваст
Ба сони дастаи гул даст бар даст.
Чу кор аз маҳд бо майдон фитодаш,
Ҷаҳон аз дӯстӣ дар ҷон ниҳодаш.
Ба ҳар соле, ки давлат мефузудаш,
Хирад таълими дигар менамудаш.
Чу солаш панҷ шуд, дар ҳар шигифтӣ
Тамошо кардиву ибрат гирифтӣ.
Чу сол омад ба шаш, чун сарв меруст,
Русуми шаш ҷиҳатро бозмеҷуст.
Чунон машҳур шуд дар хубрӯӣ,
Ки мутлақ Юсуфи Миср аст, гӯӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ