Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гулат чун бо шакар ҳамхоб гардад,
Табарзадро даҳон пуроб гардад.
Ба ҳар маҷлис, ки шаҳдат хон дарорад,
1
Ба суратҳои мумин ҷон дарорад.
Садаф чун баркушояд комро ком,
Кунад дур вом аз он дандони дурфом.
Гар аз як мӯи худ ниме фурӯшӣ,
Бихаррам, гар ба иқлиме фурӯшӣ!
Бар-ин хубӣ, ки рӯят рашки моҳ аст,
Мабин дар худ, ки худбинӣ гуноҳ аст.
Мабодо чашми кас бар хубии хеш,
Ки захми чашм хубиро кунад реш.
Марез охир, чу бар ман подшоҳӣ,
Бад-ин сон хуни ман дар бегуноҳӣ.
Агар шоҳӣ, нишони гавҳарат ку
В-агар ширинӣ, охир, шаккарат ку?
Раҳо кун ҷангу роҳи сулҳ бикшой,
Нифоқомез узре чанд бинмой.
На бад гуфтам, на бадгӯист корам
В-агар гуфтам, якеро сад ҳазорам.
Агарчи расми хубон тундхӯист,
Накӯӣ низ ҳам расми накӯест.
Худовандон агар тундӣ намоянд,
Ба раҳмат низ ҳам лахте гироянд.
Макун бедод бо ёри қадимӣ,
Ки гар тундӣ, нигоро, ҳам раҳимӣ.
Чу бод аз оташам то кай гурезӣ?
На ман хоки туам, обам чи резӣ?
2
Зи ту бо он ки истеҳқоқ дорам,
Сар аз тавқи навозиш тоқ дорам.
Ҳама донандагонро ҳаст маълум,
3
Ки бошад мустаҳиқ пайваста маҳрум.
Маро то дил бувад, дилбар ту бошӣ,
Зи ҷон бигзар, ки ҷонпарвар ту бошӣ.
Гар аз банди ту худ ҷӯям ҷудоӣ,
Зи банди дил куҷо ёбам раҳоӣ?
Бас ин аспи ҷафо бар ман давондан,
Гаҳам дар хоку гаҳ дар хун нишондан,
Ба ширинӣ сало дар шаҳр додан,
Ба талхӣ посухе чун заҳр додан.
Маро саҳл аст, к-ин бор озмудам,
Муборакбод бисёр озмудам.

1
Аз мум.
Сазоворӣ, лоиқӣ.
Сазовор, лоиқ.

пешина
аз 349
навбатӣ