Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ман он полудаи равғангузорам,
Ки ҷуз номе зи ширинӣ надорам.
Бале, то гаштам аз олам падидор,
Туро будам ба ҷону дил харидор.
На пай дар ҷустуҷӯи кас фишурдам,
На ҷуз рӯи ту касро саҷда бурдам.
Надидам дар ту бӯи меҳрубонӣ,
Ба ҷуз гарданкашиву дилгаронӣ,
Ҳисоби орзӯи хеш кардан,
Ба рӯи дигарон дар пеш кардан,
На ишқ ин, шаҳвате бошад ҳавоӣ,
Куҷо ишқу ту, эй фориғ, куҷоӣ!
Маро пиле сазад, к-ӯро кунад банд,
Ту шоҳӣ, бар ту натвон байдақ афканд.
Ба меҳмони ғизоле чун шавад шер,
Зи гунҷишке уқобе кай шавад сер?
Ту гар сарвию ман пеши ту хошок,
На охир ҳар ду ҳастем аз яке хок?
Сипанду уд бар миҷмар яке дон,
Бухуру дуду хокистар яке дон.
Кабобе бояд ин хонро намаксуд,
Магас дар пои пилон кай кунад суд.
Забонат оташе хуш мефурӯзад,
Хуш он бошад, ки дегатро насӯзад.
Чу селе, к-омадӣ дар ҳавзи моҳӣ,
Муроди хештанро бурд хоҳӣ.
Зи тӯфони ту хоҳам кард парҳез,
Бар ин дар хоҳ биншин, хоҳ бархез.
Каманд афканданат бар қалъаи моҳ
Чи бояд, чун наёбӣ бар фалак роҳ,
Ба шаббозӣ фалакро дарнагирӣ,
Ба афсун моҳро дар бар нагирӣ.
Дури носуфтаро гар суфт бояд,
Сухан дар гӯши дарё гуфт бояд.
Бари боғи Ирам пӯшидашох аст,
Ғалат гуфтам, дари рӯзӣ фарох аст.
Шакар хоҳиву Ширин низ хоҳӣ,
Шикори моҳ кун ё сайди моҳӣ.
Ҳавои қасри Ширинат тамом аст,
Сари кӯи Шакар донӣ, кадом аст.
Ман аз хуни ҷигар боридани хеш
Напардозам ба сар хоридани хеш.
Наояд шаҳпарастӣ дигар аз ман,
Парасторе талаб чобуктар аз ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё