Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба раъноӣ гузашт аз гӯшаи бом,
Зи шоҳ ором шуд, чун шуд дилором.
Басе додаш ба ҷони хеш савганд,
Ки то бозомад он раънои дилбанд.
Нишасту луълӯ аз наргис ҳамерехт,
Бад-он об аз ҷаҳон оташ барангехт.
Ба ҳар дастон, ки дил шояд рабудан,
Намуд, он-ч аз фусун бояд намудан.
Амалҳое, ки ошиқро кунад суст,
Аҷаб чуст ояд аз маъшуқаи чуст.

ПОСУХ ДОДАНИ ХУСРАВ ШИРИНРО

Малик чун дид нози он ниёзӣ,
Сипар бифканд з-он шамшербозӣ.
Шикоятро ба ширинӣ ниҳон кард,
Зи ширинон шикоят чун тавон кард?
Ба Ширин гуфт, к-эй чашму чароғам,
Ҳумои гулшану товуси боғам,
Сарамро тоҷу тоҷамро сарирӣ,
Ҳам аз пой афканӣ, ҳам даст гирӣ.
Маро дилбар туву дилдорӣ аз ту,
Зи ту мастиву ҳам ҳушёрӣ аз ту.
Надорам ҷуз туе, к-он ҷо кашам рахт,
На тоҷе беҳ зи ту, к-он ҷо занам тахт.
Гирифтам, к-аз ман озоре гирифтӣ,
Пайи хунам чаро боре гирифтӣ?
Бад-ин дерӣ, ки оӣ дар канорам,
Бад-ин зудӣ макаш лахте ба дорам.
Накӯ гуфт ин сухан деҳқон ба Намрӯд,
Ки куштан дер бояд, коштан зуд.
Чи хоҳӣ, узр ё ҷон, ҳарду, инак,
Тавонӣ иду қурбон – ҳарду, инак!
Макун нозе, ки бор орад ниёзат,
Навозиш кун, ки аз ҳад рафт нозат.
Ба навмедӣ диламро беш машкан,
Нишотамро чу зулфи хеш машкан.
Ғам аз ҳад рафту ғамхорам касе нест,
Туиву дар ту ғамхорӣ басе нест.
Ғаме, к-он бо дили нолон шавад ҷуфт,
Ба ҳамсолону ҳамҳолон тавон гуфт.
Нашояд гуфт бо фориғдилон роз,
Мухолиф дарнасозад соз бо соз.
Фурӯ гир аз сари бор ин ҷарасро,
Ба осонӣ барор ин як нафасро.

пешина
аз 349
навбатӣ