Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи бекомӣ дилам танҳонишин аст,
Бисозам, гар туро ком инчунин аст.
Чу барн-ояд маро коме, ки бояд,
Бисозам, то туро коме барояд.
Магар талх омад он лабро вуҷудам,
Ки вақти сохтан сӯзад чу удам.
Маро ин сӯхтан суре азим аст,
Ки сӯзи ошиқон сӯзе салим аст.
Нахоҳам кард бар ту ҳукмронӣ,
Гарам з-ин беҳтарак дорӣ, ту донӣ!

СУРУД ГУФТАНИ БОРБАД АЗ ЗАБОНИ ХУСРАВ

Накисо чун зад ин афсона бар чанг,
Ситои Борбад бардошт оҳанг.
Ироқивор бонг аз чарх бигзошт,
Ба оҳанги Ироқ ин бонг бардошт:
Насими дӯст меёбад димоғам,
Хаёли ганҷ мебинад чароғам.
Кадомин об хуш дорад чунин ҷӯй,
Кадомин бодро бошад чунин бӯй.
Магар вақти шудан товуси Хуршед
Пар афшон кард бар гулзори Ҷамшед.
Магар сарве зи торам сар баровард,
Ки моро сарбаландӣ бар сар овард.
Магар Моҳ омад, аз равзан дарафтод,
Ки шабро равшанӣ дар манзар афтод.
Магар боди биҳишт ин ҷо гузар кард,
Ки чандин хуррамӣ дар мо асар кард.
Магар бози сапед омад фародаст,
Ки гулзори шаб аз зоғи сияҳ раст.
Магар бо мост оби зиндагонӣ,
Ки моро зиндадил дорад ниҳонӣ.
Магар иқбол шамъе нав барафрӯхт,
Ки чун парвона ғамро болу пар сӯхт.
Магар Ширин зи лаъл афшонд нӯше,
Ки аз ҳар гӯшае хезад хурӯше!
Бигӯ, эй давлат, он рашки париро,
Ки бозовар ба мо некахтариро.
Туро бисёр хислат ҷуз накӯист,
Бигӯям рост, мардӣ ростгӯист:
Манам ҷав киштаву гандум дуруда,
Туро ҷав додаву гандум намуда.
Мабин, к-аз тавсанӣ хашме намудам,
Тавозуъ бин, ки чун роми ту будам.

пешина
аз 349
навбатӣ