Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Набуррад дузди ҳиндуро касе даст,
Ки бо дуздӣ ҷавонмардӣ-ш ҳам ҳаст.
Надорам ним дил дар подшоҳӣ,
Валекин дарди дил - чандон, ки хоҳӣ.
Лагадкӯби ғамат з-он гашт рӯҳам,
Ки бахти бад лагад зад бар футӯҳам.
Дилам хун гиряд аз ғам, чун нагиряд,
Кадомин золим аз ғам хун нагиряд.
Танам тарсад зи ҳиҷрон, чун натарсад,
Кадомин оқил аз маҷнун натарсад.
Чу бе зулфи ту бе дил буд дастам,
Дили худро ба зулфат бозбастам.
Ба хилват бо лабат дорам шуморе
В-аз инам карданитар нест коре.
Гарам хоҳӣ ба хилват бор додан,
Ба ҷои гул чи бояд хор додан,
Аз он ҳуққа, ки ҷуз марҳам наояд,
Бидеҳ з-он, к-ӯ ба додан кам наояд,
Чи бошад, к-аз чунон оби ҳаёте
Ба ғоратбурдае бахшӣ закоте!

СУРУД ГУФТАНИ НАКИСО АЗ ЗАБОНИ ШИРИН

Чу барзад Борбад з-ин сон навое,
Накисо кард аз он хуштар адое.
Шукуфта чун гули Наврӯзу навранг,
Ба Наврӯз ин ғазал дарсохт бо чанг:
Зиҳӣ, чашмам ба дидори ту равшан,
Сари кӯят маро хуштар зи гулшан.
Хаёлат пешвои хобу хӯрдам,
Ғуборат тӯтиёи чашмдардам.
Ба ту хушбӯ димоғи мушкбезам,
Зи ту равшан чароғи субҳхезам.
Маро чашмиву чашмамро чароғӣ,
Чароғи чашму чашмафрӯзи боғӣ.
Фурӯғ аз чеҳри ту моҳи фалакро,
Намак аз кони лаъли ту намакро.
Ҷамолат ахтаронро нур дода,
Ба хубӣ оламат маншур дода.
Чи мехӯрдӣ, ки рӯят чун баҳор аст,
Аз он мехӯр, ки онат созгор аст.
Ҷамолат чун ҷавонӣ ҷон навозад,
Касе ҷон бо ҷавонӣ дарнабозад.
Ту низ, ар оина бар даст дорӣ,
Зи ишқи худ дили худ маст дорӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ