Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба ту додам инони корсозӣ,
Ту донӣ, гар кушӣ в-ар менавозӣ.
Ба пешат куштаву афканда бошам,
Аз он беҳтар, ки бе ту зинда бошам!
СУРУД ГУФТАНИ БОРБАД АЗ ЗАБОНИ ХУСРАВ
Накисо чун зад ин тайёра бар чанг,
Ситои Борбад бардошт оҳанг,
Ба овози ҳазин чун узрхоҳон
Равон кард ин ғазалро дар Сипоҳон:
Саҳаргоҳон, ки аз май маст гаштам,
Ба мастӣ бар дари боғе гузаштам,
Баҳоре мушкбӯ дидам дар он боғ,
Ба чанги зоғу дар хун чанги он зоғ.
Гуле садбарг, бо ҳар барг хоре
Ба зиндон карда ганҷе дар ҳисоре.
Ҳисорӣ луъбате дар баста бар ман,
Ҳисоре, қуфли ӯ нашкаста душман.
Биҳиштипайкаре аз ҷон сиришташ,
Зи ҳар мева дарахте дар биҳишташ.
Зи чандон меваҳои тозаву тар
Надидам ҷуз хуморе хушк дар сар.
Парирӯе, ки дар дил хона карда,
Диламро чун парӣ девона карда.
Ба бедорӣ димоғам ҳаст ранҷур,
К-аз андеша-м намегардад парӣ дур
В-агар хусбам, ба мағзам бардиҳад тоб,
Париворам кунад девона дар хоб.
Париро ҳам дили девона ҷӯяд,
Дар ободӣ на, дар вайрона ҷӯяд.
Ҳамоно, к-он парирӯи фусунсанҷ
Дар он вайрона з-он печид чун ганҷ,
Гар он ганҷ ояд аз вайрона берун,
Ба тоҷаш дарниҳам чун дурри макнун.
Ба хоби наргиси ҷоду-ш савганд,
Ки ғамза-ш кард ҷодуро забонбанд,
Ба дудафкандани он зулфи саркаш,
Ки чун дудафканон дар ман зад оташ,
Ба бонги зевараш, к-аз шӯри халхол
Дарорад мурдаи садсоларо ҳол,
Ба марвориди дебоҳои маҳдаш,
Ба марвориди ширинкори шаҳдаш,
Ба анбар суданаш бар гӯшаи тоҷ,
1
Ба иқд омуданаш бар тахтаи оҷ,
Пур кардан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо