Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мабин дар оина чин, эй бути Чин,
Ки бошад хештанбин хештанбин.
Касе он оина бар каф чи гирад,
Ки ҳар дам нақши дигар кас пазирад.
Туро оина чашми чун мане бас,
Ки нанмояд ба ҷуз ту сурати кас.
Бад он довар, ки ӯ дорои даҳр аст,
Ки бе ту умри ширинам чу заҳр аст.
Ту бо тарёку ман бо заҳри ҷонсӯз,
Туро он рӯзу он гаҳ ман бад-ин рӯз.
Ба тарки бедиле гуфтан дилат дод,
Зиҳӣ, раҳмат, ки раҳмат бар дилат бод!
Гумон будам, ки чун сустӣ пазирам,
Дар он сустӣ ту бошӣ дастгирам.
Кунун, к-афтодам аз сустиву мастӣ,
Гирифтӣ даст, лекин пой бастӣ.
Бас аст ин ёри худро зор куштан,
Ҷавонмардӣ набошад ёр куштан.
Занӣ ҳар соатам бар сина хоре,
Мазан, чун мезанӣ, бинвоз боре.
Ҳадиси безабонӣ бар забон ор,
Миёндарбастаеро дар миён ор.
Зи берахтӣ кашидам бар дарат рахт,
Ки сахтӣ рӯи мардумро кунад сахт
1
В-агарна ман киям, к-аз ҳисни фӯлод
Чароғеро бурун орам бад-ин бод.
Туро гар дастболо мепарастам,
Ба ҳукми зердастӣ зердастам,
Машав дар хуни чун ман зердасте,
Чи нуқсон Каъбаро аз бутпарасте?
Чи дорӣ-м аз ҷамоли хеш маҳҷур
Раҳо кун, то туро мебинам аз дур.
Ҷавониро ба ёдат мегузорам,
Бад-ин уммед рӯзе мешуморам.
Хушо вақте, ки оӣ дар барам танг,
Майи нобам диҳӣ бар нолаи чанг.
Ба нози нимшаб зулфат бигирам,
Чу шамъи субҳдам пешат бимирам.
Шабе, к-аз лаъли майгунат шавам маст,
Бихусбам то қиёмат бар яке даст.
Ману з-ин пас заминбӯсӣ висоқат,
Надорам беш аз ин барги фироқат.

Қалъа.

пешина
аз 349
навбатӣ