Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар ҷои дигари ҳамин достон бо дарди фаровон даргузашти холи (тағои) худ хоҷа Умарро, ки баъди вафоти падару модар бузургворона сарпарастии воқеиашро бар дӯш дошт, зикр мекунад:
Гар хоҷа Умар, ки холи ман буд,
Холӣ шуданаш вуболи ман буд.
Аз талхгувории навола-м,
Дар нойи гулӯ шикаст нола-м.
Бо вуҷуди хеле бемаҳал бесаробон мондан, аз шарофати фаҳму фаросат ва ҷидду ҷаҳде, ки дошт, дар як муддати кӯтоҳ илмҳои расмии замонашро азхуд намуда, сазовори унвони «ҳаким» гардид. Баҳову заҳмати ин, яъне, пайваста бо омӯзиш машғул буданашро, дар достони «Шарафнома» равшан тавзеҳ додааст:
Ба бозӣ набурдам ҷаҳонро ба сар,
Ки шуғле дигар буд ҷуз хобу хӯр –
Нахуфтам шабе шод бар бистаре,
Ки накшодам он шаб зи дониш даре.
Аз омӯзиши гуногунҷабҳа ва бахусус таваҷҷуҳаш ба нуҷум ин сатрҳо гувоҳӣ медиҳанд:
Ҳарчи ҳаст аз дақиқаҳои нуҷум,
Бо якояк нуҳуфтаҳои улум
Хондаму сирри ҳар варақ ҷустам…
Маҳз бо шабзиндадориву талошҳои пайваста ба баландтарин мартаба расид ва натанҳо олиме буд доно, балки шоире ҳам буд тавоно, ки розу ниёзи инсонҳоро амиқ дарк кардаву дақиқ ба қалам додааст.
Ҳокимони замону маконҳо ба ҳаким Низомӣ таваҷҷуҳи пайваста доштанду мунтазам ба даргоҳашон металабиданд, осорашро харидорӣ мекарданду атоҳои арзандае мефиристоданд. Вале шоир гӯшанишиниро авло медонист - гӯшанишиние, ки безорӣ аз одаму олам не, балки ба фикру андешаи оламу одам буд, гӯшанишиние, ки дурру гавҳарҳои маънову ҳунар бор меовард.
Дар бистуҳаштсолагиаш ҳокими Дарбанд малик Музаффар барояш ҷиҳози бисёр ва канизакеро бо номи Офоқ фиристод. Бубинед, ки шоир ҳангоми тасвири яке аз образҳои дӯстдоштаи худ - Ширин бо чӣ дилбастагии сӯзон аз ӯ ёд мекунад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё