Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зане фармондеҳ аст аз насли шоҳон,
Шуда ҷӯши сипоҳаш то Сипоҳон,
Ҳама иқлими Аррон то ба Арман
Муқаррар гашта бар фармони он зан.
Надорад ҳеҷ марзе бе хироҷе,
Ҳама дорад, магар тахтеву тоҷе,
Ҳазораш қалъа бар кӯҳи баланд аст,
Хазина-шро Худо донад, ки чанд аст!
Зи ҷинси чорпо чандон, ки хоҳӣ,
Ба афзунӣ фузун аз мурғу моҳӣ!
Надорад шӯву дорад комронӣ,
Ба шодӣ мегузорад зиндагонӣ.
Шамиро ном дорад он ҷаҳонгир,
Шамироро Меҳинбону-ст тафсир.
Нишасти хешро дар ҳар ҳавое
Ба ҳар фасле муҳайё карда ҷое,
1
Ба фасли гул ба Муқон аст ҷояш,
Ки то сарсабз бошад хоки пояш,
Ба тобистон шавад бар кӯҳи Арман,
Хиромад гул ба гул, хирман ба хирман,
Ба ҳангоми хазон ояд ба Абхоз,
Кунад дар ҷустани нахчир парвоз,
2
Зимистонаш ба Бардаъ майл чира-ст,
Ки Бардаъро ҳавои гармсер аст.
Чаҳораш фасл аз ин сон дар шумор аст,
Ба ҳар фасле ҳавояш ихтиёр аст,
Нафас як-як ба шодӣ мешуморад,
Ҷаҳон хуш-хуш ба бозӣ мегузорад,
Дар ин зиндонсарои печ дар печ
Бародарзодае дорад, дигар ҳеч.
ВАСФИ ҶАМОЛИ ШИРИН
Паридухте, парӣ бигзор, моҳе,
3 Ба зери миқнаа соҳибкулоҳе, Шабафрӯзе чу маҳтоби ҷавонӣ, Сияҳчашме чу оби зиндагонӣ, Кашида қомате чун нахли симин, Ду зангӣ бар сари нахлаш рутабчин, Зибас, к-овард ёд он нӯшлабро, Даҳон пуроби шаккар шуд рутабро.
Ба марвориди дандонҳои чун нур Садафро оби дандон дода аз дур.
1
Муғон, шаҳре дар Озарбойҷон.
Шаҳре дар Арман.
Тӯр, парда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё