Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нагӯяд, он чи касро дилкаш ояд,
Ҳама он гӯяд ӯ, к-ӯро хуш ояд.
На бофарраш ҳамебинам, на босанг,
Зи фарру санг бигрезад ба фарсанг.
Чу дуд аз оташи ман гашт хезон,
Зи ман зода, вале аз ман гурезон.
Сарам тоҷ аз сарафрозон рабудаст,
Халаф бас нохалаф дорам, чӣ суд аст?
На бар Ширин, на бар ман меҳрубон аст,
На бо ҳамширагон ширинзабон аст.
Ба чашме бинад ин дев он париро,
Ки хар дар пешаҳо полонгариро.
Зи ман бигзар, ки ман худ гурзаморам,
Бале, морам, ки чун ӯ муҳра дорам!
На ҳар зан-зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд.
Басо зода, ки кушт онро, к-аз ӯ зод,
Бас оҳан, к-ӯ кунад бар санг бедод.
Басо бегона, к-аз соҳибвафоӣ
Зи хешон беш дорад ошноӣ!
Бузургуммед гуфт:– «Эй пешбин шоҳ,
Дили покат зи ҳар неку бад огоҳ,
Гирифтам, к-ин писар дарди сари туст,
На, охир, порае аз гавҳари туст?
Нашояд хасмии фарзанд кардан,
Дил аз пайванд бепайванд кардан.
Касе бар норбун н-орад лагадро,
Ки тоҷи сар кунад фарзанди худро.
Дарахти тут аз он омад лагадхор,
Ки дорад баччаи худро нагунсор.
Ту некӣ, бад набошад низ фарзанд,
Бувад тарра ба тухми хеш монанд.
Қабои зар чу дар пероиш афтад,
Аз ӯ ҳам зар бувад, к-ороиш афтад.
Агар тавсан шуд ин фарзанди ҷаммош,
Замона худ кунад ромаш, ту хуш бош.
Ҷавонӣ дорадаш з-ин сон пур аз ҷӯш,
Ба пирӣ тавсанӣ гардад фаромӯш!

НИШАСТАНИ ХУСРАВ БА ОТАШХОНА

Чунин афтод аз он пас ройи Хусрав,
Ки оташхона бошад ҷойи Хусрав.
1
Насозад бо ҳамолон ҳамнишастӣ,
Кунад чун мӯбадон оташпарастӣ.

Ҳамто, анбоз, ҳамдам.

пешина
аз 349
навбатӣ