Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу Хусравро ба оташхона шуд рахт,
Чу шери маст Шерӯя бари тахт
Ба нӯшонӯш май дар кос медошт,
Зи дуродур шаҳро пос медошт.
Бад-он нагзошт, охир банд кардаш,
Ба кунҷе аз ҷаҳон хурсанд кардаш,
Дар он талхӣ чунон бардошт бо ӯ,
Ки ҷуз Ширин касе нагзошт бо ӯ.
Дили Хусрав ба Ширин ончунон шод,
Ки бо сад банд, гуфто, ҳастам озод.
Нишондӣ моҳро, гуфтӣ, маандеш,
Ки рӯзе ҳаст ҳар касро чунин пеш.
Зи боде, к-ӯ кулоҳ аз сар кунад дур,
Гиёҳ осуда бошад, сарв ранҷур.
Ҳар он-ч ӯ фаҳлтар бошад зи нахчир,
Шикорафкан бад-ӯ хуштар занад тир.
Чу кӯҳ аз зилзила гардад ба ду ним,
Зи афтодан баландонро бувад бим.
Ҳар он пухта, ки дандонаш бузург аст,
Ба дунболаш басе дандони гург аст.
Ба ҳар ҷо, к-оташе гардад зарандуд,
Ба сӯи некувон хуштар равад дуд.
Ту дар дастӣ, агар давлат шуд аз даст,
Чу ту ҳастӣ, ҳама давлат маро ҳаст!
Шакарлаб низ аз ӯ фориғ набудӣ,
Дилаш додиву хидмат менамудӣ,
Ки дар давлат чунин бисёр бошад,
Гаҳе шодӣ, гаҳе тимор бошад.
Шиканҷи кор чун дарҳам нишинад,
Бимирад, ҳар ки дар мотам нишинад.
Кушодарӯй бояд буд якчанд,
Ки пову сар набояд ҳарду дар банд.
Нашояд кард бар озори худ зӯр,
Ки бас бемор вогашт аз лаби гӯр.
На ҳар, к-аш сиҳҳат, ӯро таб нагирад,
На ҳар касро, ки таб гирад, бимирад.
Басо қуфло, ки бандаш нопадид аст,
Чу вобинӣ, на қуфл аст он, калид аст.
Ба доноӣ зи дил пардоз ғамро,
Ки ғам ғамро кашад чун рег намро.
Агар ҷои туро бигрифт бадхоҳ,
Муқаннаъ низ донад сохтан моҳ,
Вале чун чоҳи Нахшаб об гирад,
Ҷаҳон аз оҳане кай тоб гирад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо