Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаккаршикане, ба ҳар чи хоҳӣ,
Лашкаршикан аз шакар чи хоҳӣ?
1
Таъвиз миёни ҳамнишинон,
Дархурди канори нозанинон.
2
Маҳҷубаи байти зиндагонӣ,
Шаҳбайти қасидаи ҷавонӣ.
Иқди занах аз хайи ҷабинаш
В-аз ҳалқаи зулфи анбаринаш,
Гулгуна зи хуни ширпарвард,
Сурма зи саводи модар овард.
Бар риштаи зулфу иқди холаш
Афзуда ҷавоҳири ҷамолаш.
Дар ҳар диле аз ҳаво-ш майле,
Гесӯ-ш чу лайлу ном Лайлӣ,
Аз дилдорӣ, ки Қайс дидаш,
Дил доду ба меҳри дил харидаш.
Ӯ низ ҳавои Қайс меҷуст,
Дар синаи ҳарду меҳр меруст.
Ишқ омаду ҷоми хом дардод,
Ҷоме ба ду хӯйром дардод.
Мастӣ ба нахустбода сахт аст,
Афтодани нофитода сахт аст.
Чун аз гули меҳр бӯ гирифтанд,
Бо ҳам ҳамарӯза хӯ гирифтанд.
Ин ҷон ба ҷамоли он супурда,
Дил бурда, валек ҷон набурда
В-он бар рухи ин назар ниҳода,
Дил додаву коми дил надода.
Ёрон ба ҳисоби илмхонӣ,
Эшон ба ҳадиси меҳрубонӣ.
Ёрон сухан аз луғат сириштанд,
Эшон луғате дигар навиштанд.
Ёрон варақе зи илм хонданд,
Эшон нафасе ба ишқ ронданд.
3
Ёрон сифати фиъол гуфтанд,
Эшон ҳама ҳасби ҳол гуфтанд.
Ёрон ба шумори пеш буданд,
Эшон ба шумори хеш буданд.

1 Паноҳ додан ва дар паноҳ овардан; тӯмор.
2 Айнан: зани парданишин ва чӯбе, ки дар паси дарвоза мениҳанд. Маҷозан – сухани дар парда, рамзӣ.
Ҷамъи «феъл»; корҳо.

пешина
аз 349
навбатӣ