Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ОШИҚ ШУДАНИ ЛАЙЛИВУ МАҶНУН

Ҳар рӯз, ки субҳ бардамидӣ,
Юсуфрухи машриқӣ расидӣ,
Кардӣ фалаки турунҷпайкар
Райҳонии ӯ турунҷӣ аз зар.
Лайлӣ зи сари турунҷбозӣ
Кардӣ зи занах турунҷсозӣ.
З-он тозатурунҷи наврасида
Наззоратурунҷ каф бурида.
Чун бар кафи ӯ турунҷ диданд,
Аз ишқ чу нор ме-кафиданд.
1
Шуд Қайс ба ҷилвагоҳи ғунҷаш
Норанҷрух аз ғами турунҷаш.
Бурда зи димоғи дӯстон ранҷ
Хушбӯии он турунҷу норанҷ.
Чун якчанде бар ин баромад,
Афғон зи ду нозанин баромад.
Ишқ омаду кард хона холӣ,
Бардошта теғи лоуболӣ,
Ғам доду дил аз канорашон бурд
В-аз дилшудагӣ қарорашон бурд.
З-он дил, ки ба якдигар бидоданд,
Дар маърази гуфтугӯ фитоданд.
Ин парда дарида шуд зи ҳар сӯй
В-он роз шунида шуд ба ҳар кӯй.
З-ин қисса, ки маҳкам ояте буд,
Дар ҳар даҳане ҳикояте буд.
Карданд ба ҳам басе мудоро,
То роз нагардад ошкоро.
Банди сари нофа гарчи хушк аст,
Бӯи хуши ӯ гувоҳи мушк аст.
Боде, ки зи ошиқӣ асар дошт,
Бурқаъ зи ҷамоли ишқ бардошт.
Карданд шикеб, то бикӯшанд
В-он ишқи бараҳнаро бипӯшанд.
Дар ишқ шикеб кай кунад суд,
Хуршед ба гил нашояд андуд!
Чашме ба ҳазор ғамза ғаммоз,
Дар парда нуҳуфта чун бувад роз?
Зулфе ба ҳазор ҳалқа занҷир,
Ҷуз шефтадил шудан чи тадбир?
З-он пас чу ба ақл пеш диданд,
Дуздида ба рӯи хеш диданд.

Нозу карашма.

пешина
аз 349
навбатӣ