Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чун шефта гашт Қайсро кор,
Дар чанбари ишқ шуд гирифтор,
Аз ишқи ҷамоли он дилором
Нагрифт ба ҳеҷ манзил ором.
Дар суҳбати он нигори зебо
Мебуд валек ношикебо.
Якбора дилаш зи по дарафтод,
Ҳам хик дариду ҳам хар афтод.
Онон, ки науфтода буданд,
«Маҷнун» лақабаш ниҳода буданд.
Ӯ низ ба ваҷҳи бенавоӣ
Медод бар ин сухан гувоӣ.
Азбаски сухан ба таъна гуфтанд,
Аз шефта моҳи нав нуҳуфтанд.
Азбаски чу саг забон кашиданд,
З-оҳубара сабзаро буриданд.
Лайлӣ чу бурида шуд зи Маҷнун,
Мерехт зи дида дурри макнун.
Маҷнун чу надид рӯи Лайлӣ,
1
Аз ҳар мижае кушод сайле.
Мегашт ба гирди кӯю бозор,
Дар дида сиришку дар дил озор.
Мегуфт сурудҳои корӣ,
Мехонд чу ошиқон ба зорӣ.
Ӯ мешуду мезаданд ҳар кас
«Маҷнун!», «Маҷнун!» зи пешу аз пас.
2
Ӯ низ фисор суст мекард,
Девонагие дуруст мекард.
Меронд харе ба гардани хурд,
Хар рафту ба оқибат расан бурд.
Дилро ба ду ним кард чун нор,
То дил ба ду ним хонадаш ёр.
Кӯшид, ки рози дил бипӯшад,
Бо оташи дил кӣ боз кӯшад?
Хуни ҷигараш ба рух баромад,
Аз дил бигузашту бар сар омад.
Ӯ дар ғами ёру ёр аз ӯ дур,
Дил пурғаму ғамгусор аз ӯ дур.
Чун шамъ ба тарки хоб гуфта,
Н-осуда ба рӯзу шаб нахуфта,
Мекушт зи дард хештанро,
Меҷуст давои ҷону танро.
Сел.
Мухаффафи афсор ба маънои расани асп («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо