Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Магӯ шаккар, ҳикоят мухтасар кун,
Чу гуфтӣ, сӯи Хузистон гузар кун,
Туро бояд шудан чун бутпарастон,
Ба даст овардан он бутро ба дастон,
Назар кардан, ки дар дил дод дорад?
Сари пайванди мардумзод дорад?
Агар чун мум нақше мепазирад,
Бар ӯ зан муҳри мо, то нақш гирад
В-ар оҳандил бувад, маншину баргард,
Хабар деҳ, то накӯбам оҳани сард!»

РАФТАНИ ШОПУР ДАР АРМАН БА ТАЛАБИ ШИРИН

Замин бӯсид Шопури сухандон,
Ки доим бод Хусрав шоду хандон!
Ба чашми нек бинодаш накӯхоҳ,
Мабодо чашми бадро сӯи ӯ роҳ!
Чу бар шоҳ офарин кард он ҳунарманд,
Ҷавобаш дод, к-эй гетихудованд,
Чу ман нақши қаламро даркашам ранг,
Кашад Монӣ қалам дар нақши Аржанг.
Биҷунбад нақш, к-ӯро ман кунам сар,
Бипаррад мурғ, к-ӯро ман кунам пар.
Мадор аз ҳеҷ навъе гард бар дил,
Ки бошад гард бар дил дард бар дил.
Ба чора кардани кор ончунонам,
Ки ҳар бечорагиро чора донам.
Ту хушдил бошу ҷуз шодӣ маандеш,
Ки ман якдил гирифтам кор дар пеш.
Нагирам дар шудан як лаҳза ором,
Зи гӯрон так, зи мурғон пар кунам вом.
Нахусбам, то нахусбонам саратро,
Наоям, то наёрам дилбаратро.
Чу оташ гар зи оҳан созад айвон,
Чу гавҳар гар шавад дар санг пинҳон,
Бурун-ш орам ба нерӯву ба найранг,
Чу оташ з-оҳану чун гавҳар аз санг.
Гаҳе бо гул, гаҳе бо хор созам,
Бибинам кору пас бо кор созам.
Агар давлат бувад, к-орам ба дасташ,
Чу давлат худ кунам Хусравпарасташ
В-агар донам, ки оҷиз гаштам аз кор,
Кунам боре шаҳаншаҳро хабардор.
Сухан чун гуфта шуд, гӯянда бархост,
1
Басичи роҳ кард аз ҳар даре рост.

Асбоб, ашё.

пешина
аз 349
навбатӣ