Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ояд ҳама рӯз саркушода,
Ҷавқе чу саг аз пай уфтода,
Дар ҳуллаи мо зи роҳи афсӯс
Гаҳ рақс кунад, гаҳе замин бӯс,
Ҳар дам ғазале дигар кунад соз,
Ҳам хушғазал асту ҳам хушовоз,
Бар ҳар ғазале, ки месарояд,
Сад пардадарӣ ҳаменамояд.
Ӯ гӯяду халқ ёд гиранд,
Морову туро ба бод гиранд.
Лайлӣ зи нафири ӯ ба доғ аст,
К-ин бод ҳалоки он чароғ аст.
Бинмой ба қаҳр гӯшмолаш,
То боз раҳад маҳ аз вуболаш.
Чун огаҳ гашт шаҳна з-ин ҳол,
Дузд обилапову шаҳна қаттол,
Шамшер кашиду дод тобаш,
Гуфто, ки бад-ин диҳам ҷавобаш!
Аз омириён яке хабар дошт,
2
Ин қисса ба ҳаййи хеш бардошт,
Бо саййиди омирӣ дар он боб
Гуфт: офати норасида дарёб,
К-он шаҳнаи ҷонситони хунрез
Обе тунд асту оташе тез,
Тарсам, Маҷнун хабар надорад,
Он гаҳ дорад, ки сар надорад,
З-он чоҳи кушодасар, ки пеш аст,
Дарёфтанаш ба ҷои хеш аст!
Саргашта падар зи меҳрубонӣ
Барҷаст ба шафқате, ки донӣ,
Фармуд ба дӯстони ҳамзод,
То дар пайи ӯ раванд чун бод.
Он сӯхтаро ба дилнавозӣ
Оранд зи роҳи чорасозӣ.
Ҳар сӯ ба талаб шитофтандаш,
Ҷустанд, вале наёфтандаш.
Гуфтанд: магар, к-аҷал расидаш
Ё чанги дарандае даридаш?!
Ҳар дӯсте аз қабилагоҳе
Мехӯрд дареғу мезад оҳе,
Гирён ҳама аҳли хонаи ӯ
Аз гум шудани нишонаи ӯ

Издиҳом, тӯда.
Дар ин ҷо ба маънои қавм, қабила.

пешина
аз 349
навбатӣ