Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-он гӯшанишини гӯшсуфта
Чун ганҷ ба гӯшае нуҳуфта,
Аз машғалаҳои ҷӯшбарҷӯш
Ҳам гӯша гирифта буду ҳам гӯш.
Дар тарфи чунон шикоргоҳе
Хурсанд шуда ба гарди роҳе.
Гурге, ки ба зӯри шер бошад,
Рӯбаҳ беҳ аз ӯ, чу сер бошад.
Бозе, ки нашуд ба хӯрд муҳтоҷ,
Рағбат накунад ба ҳеч дурроҷ.
Хушгор гуруснаро кулича-ст,
Бо серӣ нони майда ҳеҷ аст.
Чун табъ ба иштиҳо шавад гарм,
1
Говарси дуруштро кунад нарм.
Ҳалво, ки таоми нӯшбаҳр аст,
2
Дар ҳайза хурӣ, ба ҷои заҳр аст!
Маҷнун, ки зи нӯш буд бебаҳр,
Мехӯрд наволаҳои чун заҳр.
Медод зи роҳи бенавоӣ
Колои касодро равоӣ.
На, на, ғами ӯ на ончунон буд,
К-аз ғояти ӯ ғамӣ тавон буд,
К-он ғам, ки бад-ӯ барот медод,
Аз банди худаш наҷот медод.
Дар ҷустани ганҷ ранҷ мебурд,
Бе он ки раҳе ба ганҷ мебурд!
Шахсе зи қабилаи банӣ Саъд
Бигзашт бар ӯ чу толеи саъд,
Дидаш ба канораи саробе
Афтода хароб дар харобе,
Чун лангари байти хештан ланг,
Маънӣ-ш фароху қофия танг!
Яъне, ки касе надорад аз пас,
Беқофият аст мард бекас.
Чун толеъи хештан камонгир,
Дар саҷда камону дар вафо тир.
Яъне, ки вуболашон нишон дошт,
К-омезиши тир дар камон дошт.
Ҷуз нола касе надошт ҳамдам,
Ҷуз соя касе наёфт маҳрам.
Марди гузаранда чун дар ӯ дид,
Шаклеву шамоиле накӯ дид,

Донаҳои ба арзан монанд, курмак.
Ҳайзат, исҳол.

пешина
аз 349
навбатӣ