Ҳафтахтар Ҷилди 3

Аз кӯҳ гирифтанат чи хезад,
Ҷуз об, ки он зи рӯй резад.
Ҳам санг дар ин раҳ асту ҳам чоҳ,
Медор зи ҳарду чашм бар роҳ,
Мастез, ки шаҳна дар камин аст,
Занҷир мабур, ки оҳанин аст.
Ту тифли раҳиву фитна раҳдор,
Шамшер бибину сар нигаҳ дор.
Пеш ор зи дӯстон тане чанд,
Хуш бош ба рағми душмане чанд!
ҶАВОБ ДОДАНИ МАҶНУН ПАДАРРО
Маҷнун ба ҷавоби он шакаррез
Бикшод лаби табарзадангез,
Гуфт: эй фалаки шукӯҳмандӣ,
Болотарат аз фалак баландӣ,
1
Шоҳи даману раиси атлол,
Рӯи араб аз ту анбаринхол,
Даргоҳи ту қиблаи суҷудам,
Зинда ба вуҷуди ту вуҷудам.
Хоҳам, ки ҳамеша зинда монӣ,
Худ бе ту мабод зиндагонӣ!
З-ин панд хазинае, ки додӣ,
Бар сӯхта марҳаме ниҳодӣ,
Лекин чи кунам мани сияҳрӯй,
К-афтода, ба худ наям дар ин кӯй,
З-ин раҳ, ки на бар қарори хешам,
Донӣ, на ба ихтиёри хешам!
Ман баставу бандам оҳанин аст,
Тадбир чи суд, қисмат ин аст.
Ин банд зи худ кушод натвон
В-ин бор зи худ ниҳод натвон.
Ин соиқа, к-ӯ фитод бар ман,
Сӯзад на яке, ҳазор хирман.
Танҳо на манам ситамрасида,
Ку дида, ки сад чу ман надида?
Соя на ба худ фитод дар чоҳ,
Бар авҷ ба хештан нашуд Моҳ.
Аз пайкари пил то пари мӯр
Кас нест, ки нест бар вай ин зӯр.
2
Гар кор ба хост халқ будӣ,
Нохоста кас наозмудӣ.
Нишонаҳои сарои куҳнаву вайрон.
Мантиқан «хости».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо