Ҳафтахтар Ҷилди 3

Санг аз дили танги ман бикоҳад,
Дилтангии хештан кӣ хоҳад?
Бахти бади ман маро биҷӯяд,
Бадбахтиро зи худ кӣ шӯяд?
Гар дастрасе будӣ дар ин роҳ,
Ман будаме Офтоб ё Моҳ.
Чун кор ба ихтиёри мо нест,
Беҳ кардани кор кори мо нест.
Хушдил назиям мани балокаш
В-он кист, ки дорад ӯ дили хуш?
Хунрез чу реши донарезам,
Саргашта чу гарди хонахезам.
Чун барқ зи ханда лаб бибандам,
Тарсам, ки бисӯзам, ар бихандам.
Гӯянд маро: чаро нахандӣ,
Гиря-ст нишони дардмандӣ,
Тарсам, чу нишоти ханда хезад,
Сӯз аз даҳанам бурун гурезад!..
Маҷнун чу ҳадиси худ фурӯ гуфт,
Бигрист падар, бад-он чи ӯ гуфт.
З-ин гӯша падар нишаста гирён,
З-он сӯ писар, уфтода урён.
Пас бори дигар ба хона бурдаш,
Бинвохт, ба дӯстон супурдаш
В-он шефтадил ба шӯрбахтӣ
Мекард сабурие ба сахтӣ.
Рӯзе ду-се дар шиканҷа мезист,
З-он гуна, ки ҳар кӣ дид, бигрист,
Пас парда дариду оҳ бардошт,
Сӯи дару дашт роҳ бардошт,
Мезист ба ранҷу нотавонӣ,
Мемурд, кадом зиндагонӣ!..
ДАР АҲВОЛИ ЛАЙЛӢ
…Лайлӣ, ки ба хубӣ ояте буд
В-ангушткаши вилояте буд,
Сероб гулаш, пиёла дар даст,
Аз ғунчаи навбарӣ бурун ҷаст.
Сарви сиҳияш кашидатар шуд,
Майгун рутабаш расидатар шуд.
Меруст ба боғи дилфурӯзӣ,
Мекард ба ғамза халқсӯзӣ.
Аз ҷодуие, ки дар назар дошт,
Сад мулк ба ним ғамза бардошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо