Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нахлистоне бад-он замин буд,
К-ороиши нақшбанди Чин буд.
Аз ҳулла ба ҳулла нахлгоҳаш,
Дар Боғи Ирам кушода роҳаш.
Нузҳатгоҳе чунон гузида
Дар бодия чашми кас надида.
Лайливу дигар арӯсномон
Рафтанд бад-он чаман хиромон.
Чун гул ба миёни сабза биншаст,
Бар сабза зи соя гул ҳамебаст.
Ҳар ҷо, ки насими ӯ даромад,
Савсан бишукуфту гул баромад.
Бар ҳар чамане, ки даст мешуст,
Шамшод дамиду сарв ме-руст.
Бо сарвбунони лоларухсор
Омад ба нишоту ханда дар кор.
То якчанде нишот ме-сохт
В-охир зи нишотгаҳ бурун тохт.
Танҳо бинишаст зери сарве,
Чун бар пари тӯтие тазарве.
Бар сабза нишаста хирмани гул,
Нолида чу дар баҳор булбул.
Нолиду ба нола дар ниҳонӣ
Мегуфт зи рӯи меҳрубонӣ,
К-эй ёри мувофиқи вафодор
В-эй чун ману ҳам ба ман сазовор,
1
Эй Саври ҷавонаи ҷавонмард
В-эй бо дили гарму бо дами сард,
Эй аз дари он, ки дар чунин боғ
Оиву зудоӣ аз дилам доғ,
Бо ман ба муроди дил нишинӣ,
Ман норвану ту сарв бинӣ.
Гирам, зи манат фароғи ман нест,
Парвои сарову боғи ман нест,
Охир, ба забони некномӣ
Кам з-он ки фиристиам паёме?
Нокарда сухан ҳанӯз парвоз,
К-аз раҳгузаре баромад овоз.
Шахсе ғазале чу дурри макнун
Мехонд зи гуфтаҳои Маҷнун,
К-эй пардадари салоҳи корам,
Уммеди ту бод пардадорам!
Маҷнун ба миёни мавҷи хун аст,
Лайлӣ ба ҳисоби кор чун аст?

Бурҷи Савр, ки ба шакли бақар (буққа) аст. Ба маънии ҷавонмардӣ омадааст.

пешина
аз 349
навбатӣ