Ҳафтахтар Ҷилди 3

Маҷнун ҷигаре ҳамехарошад,
Лайлӣ намак аз кӣ метарошад?
Маҷнун ба хаданги хор суфта-ст,
Лайлӣ ба кадом ноз хуфта-ст?
Маҷнун ба ҳазор навҳа нолад,
Лайлӣ чи нишот месиголад?
Маҷнун ҳама дарду доғ дорад,
Лайлӣ чи баҳору боғ дорад?
Маҷнун камари ниёз бандад,
Лайлӣ ба рухи кӣ бозхандад?
Маҷнун зи фироқ дилрамида-ст,
Лайлӣ ба чи роҳат орамидаст?!
Лайлӣ чу самоъи ин ғазал кард,
Бигристу зи гиря санг ҳал кард.
З-он сарвбутони бӯстонӣ
Медид дар ӯ яке ниҳонӣ,
К-аз дурии дӯст бар чи сон аст,
Бар дӯст чи гуна меҳрубон аст.
Чун боз шуданд сӯи хона,
Шуд дар садаф он дури ягона.
Донандаи роз роз нанҳуфт,
Бо модараш, он чи дид, баргуфт,
То модари мушфиқаш навозад,
Дар чорагарӣ-ш чора созад.
Модар зи пайи арӯси ноком
Саргашта шуда чу мурғ дар дом,
Мегуфт: гараш гузорам аз даст,
Он шефта гашту ин шавад маст
В-ар собирие бад-ӯ намоям,
Барн-ояд аз ӯ в-аз ӯ бароям!
Бар ҳасрати ӯ дареғ мехӯрд,
Мехӯрд дареғу сабр мекард.
Лайлӣ, ки чу ганҷ шуд ҳисорӣ,
Мебуд чу Моҳ дар аморӣ,
Мезад нафасе гирифта чун меғ,
Мехӯрд ғаме нуҳуфта чун теғ.
Дилтанг, чунон ки буд, мезист,
Бе дилтангӣ ба ишқ-дар кист?
ХОСТГОРИИ ИБНИ САЛОМ ЛАЙЛИРО
Феҳристкаши бисоти ин боғ
Бар рони сухан чунин кашад доғ,
К-он рӯз, ки Маҳ ба боғ мерафт,
Чун Моҳи дуҳафта карда ҳар ҳафт,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо