Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо на ҳанӯз, рӯзаке чанд
Мебояд шуд ба ваъда хурсанд,
То ғунчаи гул шукуфта гардад,
Хор аз дари боғ руфта гардад,
Гардан-ш ба тавқи зар дарорем,
Бо тавқи зараш ба ту супорем!
Чун ибни Салом аз он ниёзӣ
Шуд номзади шикебсозӣ,
Маркаб ба диёри хештан ронд,
Биншасту ғубори хеш биншонд.

РАСИДАНИ НАВФАЛ БА МАҶНУН

…Аз нармдилони мулки он бум
Буд оҳане обдода чун мум,
Навфал номе, ки аз шуҷоат
Буд он тарафаш ба зери тоат.
Лашкаршикане ба захми шамшер,
Дар меҳр ғизолу дар ғазаб шер.
Ҳам ҳашматгиру ҳам ҳишамдор,
Ҳам давлатманду ҳам дирамдор.
Рӯзе зи сари қависилоҳӣ
Омад ба шикори он навоҳӣ.
Дар рахнаи ғорҳои дилгир
Мегашт ба ҷустуҷӯи нахчир.
Дид обилапои дардманде,
Бар ҳар мӯе зи мӯя банде,
Меҳнатзадае ғарибу ранҷур,
Душманкоме зи дӯстон дур.
Ваҳшишуда аз миёни мардум,
Ваҳше ду-се уфтода дар дум.
Мехонд нашида аз сари ҷӯш,
К-он кас, ки шунид, гашт мадҳуш.
Пурсид зи хӯю аз хисолаш,
Гуфтанд чунон, ки буд ҳолаш,
К-аз меҳри зане бад-ин ҳазинӣ
Девона шуд инчунин, ки бинӣ.
Гардад шабу рӯз байтгӯён
Он ғолияро зи бод ҷӯён.
Ҳар бод, ки бӯи ӯ расонад,
Сад байту ғазал бад-ӯ бихонад.
Ҳар абр, к-аз он диёр пӯяд,
Шеъре чу шакар бад-ӯ бигӯяд.
Оянд мусофирон зи ҳар бум,
Бинанд дар ин ғариби мазлум.

пешина
аз 349
навбатӣ