Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гул бар сари сарв даста баста,
Бозори гулобу гул шикаста,
Зулфайни мусалсалаш гиреҳгир,
Печида чу ҳалқаҳои занҷир.
Дар раҳ зи банӣ Асад ҷавоне
Дидаш чу шукуфта дилситоне,
Шахсе ҳунарӣ, басангу соя,
Дар чашми араб баландпоя,
Бисёрқабилаву қаробот,
Кораш ҳама хидмату муроот,
Гӯши ҳама халқ бар саломаш,
Бахт ибни Салом карда номаш.
1
Ҳам симхудову ҳам қавипушт,
Халқе суи ӯ кашида ангушт.
Аз дидани он чароғи тобон
Дар чора чу бод шуд шитобон
В-он гаҳ на, ки гарчи ганҷ бозад,
Бо бод чароғ дарнасозад.
Чун сӯи ватан гаҳ омад аз роҳ,
Будаш тамаъи висоли он Моҳ.
Маҳро нагирифт кас дар оғӯш,
Ин нукта магар шудаш фаромӯш?
Чора талабиду кас фиристод
Дар ҷустани ақди он паризод,
То Лайлиро ба хосторӣ
Дар мавкиби худ кашад аморӣ.
Найранг намуду хоҳиш ангехт,
Хокӣ шуду зар чу хок ме-рехт.
Пазруфт ҳазор ганҷи шоҳӣ
В-аз рамгала беш аз он, ки хоҳӣ.
Чун рафт миёнҷии сухангӯй
Дар ҷустани он нигори дилҷӯй,
Хоҳишгарие ба дастбӯсӣ
Мекард зи баҳри он арӯсӣ.
Ҳам модару ҳам падар нишастанд
В-уммед дар он ҳадис бастанд.
Гуфтанд: сухан ба ҷои хеш аст,
Лекин қадаре диранг пеш аст,
К-ин тозабаҳори бӯстонӣ
Дорад аразе зи нотавонӣ,
Чун мо зи беҳиш бозхандем,
Шукрона диҳему ақд бандем,
Ин ақд нишони суд бошад,
Иншоаллаҳ, ки зуд бошад!
Соҳибсим, доро, бадавлат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо