Ҳафтахтар Ҷилди 3

Вақте ки чаро кунӣ дар он бум,
Ҳоли дили ман кунӣ-ш маълум,
К-эй монда ба коми душманонам,
Чун он ки бихоҳӣ, ончунонам!
Ту дуру ман аз ту низ ҳам дур,
Ранҷур ману ту низ ранҷур.
Пире на, ки дар миёна афтад,
Тире на, ки бар нишона афтад.
Боде, ки надорад аз ту бӯе,
Номаш набарам ба ҳеҷ рӯе.
Ёде, ки зи ту асар надорад,
Бар хотири ман гузар надорад!
З-ин гуна яке на, балки сад беш
Мегуфт ба ҳасби ҳолати хеш.
Аз пои гавазн банд бикшод,
Чашмаш бӯсиду кардаш озод.
Чун рафт гавазни домдида,
З-он буқъа равон шуд орамида.
Сайёраи шаб чу бар сари чоҳ
Юсуфрӯе харид чун Моҳ,
Аз анҷумани расадфурӯшон
Шуд Мисри фалак чу Нил ҷӯшон.
Он милкашида мил бар мил
Мерафт чу Нил ҷома дар нил.
Чандон ки забон бадар кунад мор,
Ё мурғ занад ба об минқор,
Н-осуда чу мори бардарида,
Нағнуда чу мурғи парбурида.
Мағзаш зи ҳарорати димоғаш
Сӯзанда чу равғани чароғаш.
Гар худ ба масал чу шамъ мурдӣ,
Паҳлӯ ба суи замин набурдӣ…
БУРДАНИ ПИРЗАН МАҶНУНРО
БА ДАРИ ХИРГОҲИ ЛАЙЛӢ
Чун нури чароғи осмонгард
Аз пардаи субҳ сар бадар кард,
Дар ҳар назаре шукуфт боғе,
Шуд ҳар басаре чу шабчароғе.
Маҷнун чу паранда зоғпӯён,
Парвонасифат чароғҷӯён,
Аз роҳи раҳил хор бардошт,
Ҳинҷори диёру ёр бардошт.
Чун бӯи даман шунид, биншаст,
Як лаҳза ниҳод бар ҷигар даст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо