Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз аз нафасаш баромад овоз,
Чун мурда, ки ҷон бад-ӯ расад боз.
Шуд пирзане зи дур пайдо,
Бо ӯ шахсе ба шакли шайдо,
Сар то қадамаш кашида дар банд
В-он шахс ба банд гашта хурсанд.
Зан мешуд дар шитоб кардан,
Мебурд варо расанбагардан.
Маҷнун чу асир дид дар банд,
Занро ба Худой дод савганд,
К-ин марди бабанд кист бо ту,
Дар банд зи баҳри чист бо ту?
Зан гуфт: сухан чу рост хоҳӣ,
Мардест на бандиву на чоҳӣ.
Ман беваам, ин рафиқ дарвеш,
Дар ҳарду зарурате зи ҳар беш.
Аз дарвешӣ бад-он расидам,
К-ин банду расан дар ӯ кашидам,
То гардонам асирвораш,
1
Тавзеъ кунам ба ҳар диёраш.
Гирд оварам аз чунин баҳона
Муште алаф аз барои хона.
Бинем, к-аз он миён чи бархост,
Ду нима кунем росторост,
Ниме ману ниме ӯ ситонад,
Гарде ба миёна-дар намонад.
Маҷнун зи сари шикастаболӣ
Дар пои зан уфтод ҳолӣ,
К-ин силсилаву танобу занҷир
Бар ман неҳ, аз ин рафиқ баргир,
К-ошуфтаву мустаманд моем,
Ӯ нест сазои банд, моем!
Мегардонам ба рӯсиёҳӣ
Ин ҷову ба ҳар куҷо, ки хоҳӣ!
Ҳар-ч он баҳам ояд аз чунин кор,
Бе ширкати ман турост, бардор!
Чун дид зан инчунин шикоре,
Шуд шод ба инчунин шуморе,
З-он ёр бидошт дарзамон даст,
Он банду расан ҳама дар ин баст,
Бинвохт ба банд кардан ӯро,
Мебурд расанбагардан ӯро,
Мебасту зи банд мераҳондаш
В-аз ҳулла ба ҳулла медавондаш.

Ба ҳар куҷо бурдан; овора кардан.

пешина
аз 349
навбатӣ