Ҳафтахтар Ҷилди 3

В-он гаҳ ба калиди хушзабонӣ
Бикшод хазинаи ниҳонӣ,
К-ин шоҳсавори шерпайкар
Рӯи араб асту пушти лашкар,
Соҳибтабаъу баландном аст,
Асбоби бузургиаш тамом аст!
Гар хун талабӣ, чу об резад
В-ар зар гӯӣ, чу хок безад,
Ҳам з-ӯ бирасӣ ба ёвариҳо,
Ҳам бозраҳӣ зи довариҳо!
Қосид чу басе сухан дар ин ронд,
Мискин падари арӯс дармонд.
Чандон ки ба гирди кор баргашт,
Иқрораш аз ин қарор нагзашт.
Бар кардани он амал ризо дод,
Маҳро ба даҳони аждаҳо дод.
Чун рӯзи дигар арӯси Хуршед
Бигрифт ба даст ҷоми Ҷамшед,
1
Бар суфти араб ғуломи русӣ
Афканд мусаллии арӯсӣ,
Омад падари арӯс дар кор,
Орост ба ганҷ кӯю бозор,
Домоду дигар гурӯҳро хонд,
Дар пешгаҳи нишот биншонд.
Оини суруру шодкомӣ
Бархост ба ғояти тамомӣ.
Бар расми араб ба ҳам нишастанд,
Ақде, ки шикаста, бозбастанд.
Тӯфони дирам бар осмон рафт,
Дар ширбаҳо сухан ба ҷон рафт.
Бар ҳаҷлаи он бути диловез
Карданд ба тунгҳо шакаррез
В-он тангдаҳони тангрӯзӣ
Чун уду шакар ба атрсӯзӣ.
Атре зи бухори дил барангехт
В-ашке чу гулоби талх мерехт.
Лаъл оташу ҷазъаш об медод,
Ин ғолия в-он гулоб медод.
Чун сохта шуд басичи ёраш,
Носохта буд ҳеҷ кораш.
Наздики даҳон шикаста шуд ҷом,
Полуда, ки пухта буд, шуд хом.
Китф.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо