Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар хор қадам ниҳӣ, бидӯзад
В-оташ ба даҳан барӣ, бисӯзад.
Узве, ки мухолифат пазирад,
Фармони туро ба худ нагирад.
Ҳар-ч он зи қабила гашт осӣ,
Берун фитад аз қабила хосӣ.
Чун моргазида гардад ангушт,
Воҷиб шавадаш буридан аз мушт.
Ҷондоруи табъ созгорист,
Мурдан сабаби хилофкорист.
Лайлӣ, ки муфарреҳи равон буд,
Дар мухталифӣ ҳалоки ҷон буд,
Тобандаи он чароғи шоҳӣ
Ҷусташ ба чароғи субҳгоҳӣ.

БУРДАНИ ИБНИ САЛОМ
ЛАЙЛИРО БА ХОНАИ ХУД

Чун субҳдам офтоби равшан
Зад хайма бар ин кабуд гулшан,
1
Сайёраи шаб пур аз авон шуд,
Бар Даҷлаи нилгун равон шуд.
Домоди нишотманд бархост
В-аз баҳри арӯс маҳмил орост.
Чун рафт арӯс дар аморӣ,
Бурдаш ба басе бузургворӣ.
Аврангу сарири худ бад-ӯ дод,
Ҳукми ҳама неку бад бад-ӯ дод.
Рӯзе ду-се бар тариқи озарм
Мекард ба рифқ мумро нарм.
Бо нахли рутаб чу гашт густох,
Дасте ба рутаб кашид бар шох.
З-он нахли раванда хӯрд хоре,
К-аз дард нахуфт рӯзгоре.
Лайлӣ-ш тапончае чунон зад,
К-афтод чу мурда мард бехуд.
Гуфт: ар дигар ин амал намоӣ,
Аз хештану зи ман бароӣ,
Савганд ба офаридгорам,
К-орост ба сунъи худ нигорам,
К-аз ман ғарази ту барнахезад
В-аз теғи ту хуни ман бирезад!
Чун ибни Салом дид савганд,
З-он бут ба салом гашт хурсанд.

Ба маънои замине, ки дар он борон борида бошад.

пешина
аз 349
навбатӣ