Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Донист, к-аз ӯ фароғ дорад,
Ҷуз вай дигаре чароғ дорад.
Лекин ба тариқи сар кашидан
Менатвонист аз ӯ буридан,
К-аз дидани он маҳи дуҳафта
Дил дода бад-ӯ, зи даст рафта.
Гуфто: чу зи меҳри ӯ чунинам,
Он беҳ, ки дар ӯ зи дур бинам.
Хурсанд шудан ба як назора
З-он беҳ, ки кунад зи ман канора
В-он гаҳ зи сари гуноҳкорӣ
Пӯзиш бинамуду кард зорӣ,
К-аз ту ба назора дил ниҳодам,
Гар з-ин гузарам, ҳаромзодам!
З-он пас, ки ҷаҳон гузошт бо ӯ,
Беш аз назаре надошт бо ӯ
В-он зинати боғу зеби гулшан
Бар роҳ ниҳода чашми равшан,
То бод, ки оварад ғуборе
Аз домани ғори ёри ғоре.
Ҳар лаҳза ба навҳа бар гузаргоҳ
Бехуд бадар омадӣ зи хиргоҳ,
Гоме ду-се тохтӣ чу мастон,
Ноландатар аз ҳазордастон,
Ҷустӣ хабаре зи ёри маҳҷур,
Додӣ асаре ба ҷони ранҷур.
Чандон ба тариқи носабурӣ
Нолид зи дарду доғи дурӣ,
К-он ишқи нуҳуфта шуд ҳувайдо
В-он роз чу рӯз гашт пайдо.
Бардошта ранҷи ношикебаш,
Аз шавҳару аз падар ниҳебаш.
Чун ишқ сиришта шуд ба гавҳар,
Чи боки падар, чи бими шавҳар!

ОГОҲИИ МАҶНУН АЗ ШАВҲАР
КАРДАНИ ЛАЙЛӢ

Фарзона сухансарои Бағдод
Аз сирри сухан чунин хабар дод,
К-он шефтаи расанбурида,
Девонаи моҳи нав надида,
Маҷнуни ҷигаркабобгашта,
Деҳқони деҳи харобгашта
Мегашт ба ҳар басичгоҳе,
Мӯнис на ба ҷуз дареғу оҳе.

пешина
аз 349
навбатӣ