Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу Ширин ёфт он густохрӯӣ,
Бад-ӯ гуфто: «Дар ин сурат чи гӯӣ?»
Ба посух гуфт рангомез Шопур,
Ки бод аз рӯи хубат чашми бад дур,
Ҳикоятҳои ин сурат дароз аст
В-аз ин сурат маро дар парда роз аст.
Якояк ҳар чи медонам, сарупой
Бигӯям бо ту, гар холӣ бувад ҷой.
Бифармуд он санам, то он буте чанд
Банотуннаъшвор аз ҳам пароканд.
Чу холӣ дид майдон он сухандон,
Дарафканд аз сухан гӯйе ба майдон,
Ки ҳаст ин сурати покизапайкар
Нишони офтоби ҳафт кишвар,
1
Сикандармавкибе, доросаворе,
Зи Дорову Сикандар ёдгоре,
Ба хубӣ-ш осмон хуршед хонда,
Заминро тухме аз Ҷамшед монда,
Шаҳаншаҳ Хусрави Парвиз, к-имрӯз
Шаҳаншоҳӣ бад-ӯ гаштаст пирӯз!
В-аз ин шева суханҳое барангехт,
Ки аз ҷонпарварӣ бо ҷон даромехт.
Сухан мегуфту Ширин ҳуш дода,
Бад-он гуфтори ширин гӯш дода,
Ба ҳар нукта фурӯ мешуд замоне,
Дигар раҳ бозмеҷусташ нишоне,
Суханро зери парда ранг медод,
Ҷигар мехӯрду лаъл аз санг медод.
Аз ӯ Шопур дигар роз нанҳуфт,
Суханро ошкоро карду пас гуфт:
«Парирӯё, ниҳон медорӣ асрор,
Сухан дар шиша мегӯӣ паривор.
Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда,
Сухан бояд чу шаккар пӯстканда!
Чу мехоҳӣ, ки ёбӣ рӯи дармон,
Макун дард аз табиби хеш пинҳон!»
Бути занҷирмӯй аз гуфтани ӯ
Барошуфт, эй хушо ошуфтани ӯ,
Вале чун ишқ домангир будаш,
Дигар бор аз раҳи узр озмудаш.
Ҳарифе ҷинс диду хона холӣ,
Табақпӯш аз табақ бардошт ҳолӣ,
Ба густохӣ бари Шопур биншаст,
Дари тунги шакарро муҳр бишкаст,
Саворони рикоби шоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё