Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ки эй куҳбад, ба ҳаққи Кирдгорат,
Ки эмин кун маро дар зинҳорат,
Ба ҳукми он ки бас шӯридакорам,
Чу зулфи худ диле шӯрида дорам.
Дар ин сурат бад-ин сон меҳр бастам,
Ки гӯӣ, рӯзу шаб суратпарастам.
Ба кор ой андар ин корам ба як чиз,
Ки рӯзе ман ба кор оям туро низ.
Чу ман дар гӯши ту пардохтам роз,
Ту низ ар нуктае дорӣ, дарандоз!
Фусунгар дар ҳадиси чораҷӯӣ
Фусуне беҳ надид аз ростгӯӣ.
Чу ёра дастбӯсӣ ройаш афтод,
Чу халхоли зар андар пойаш афтод,
Ба сад савганд гуфт: «Эй шамъи ёрон,
Сазои тахту фахри тоҷдорон,
Зи шаб бадхоҳи ту торикбинтар,
Зи моҳи нав дилат борикбинтар,
Ба ҳаққи он, ки дар зинҳори ӯям,
Ки чун зинҳор дорӣ, рост гӯям.
Ман он суратгарам, к-аз нақши паргор
Зи Хусрав кардам ин сурат намудор.
Ҳар он сурат, ки суратгар нигорад,
Нишон дорад, валекин ҷон надорад.
Маро суратгарӣ омӯхтастанд,
Қабои ҷон дигар ҷо дӯхтастанд.
Чу ту бар сурати Хусрав чунинӣ,
Бибин, то чун бувад, к-ӯро бибинӣ!
Ҷаҳоне бинӣ аз нур офарида,
Ҷаҳон нодида, аммо нур дида.
Шигарфе, чобуке, чусте, далере,
Ба меҳр оҳу, ба кина тундшере.
Гуле бе офати боди хазонӣ,
Баҳоре тоза бар шохи ҷавонӣ.
Ҳанӯзаш гирди гул норуста шамшод,
Зи савсан сарви ӯ чун савсан озод.
2
Ҳанӯзаш парри яғлиқ дар уқоб аст,
Ҳанӯзаш барги нилуфар дар об аст.
Ҳанӯзаш офтоб аз абр пок аст,
Зи абру офтоб ӯро чӣ бок аст?
Ба як бӯй аз Ирам сад дар кушода,
Ба ду рух моҳро ду рух ниҳода.

Куҳбад – зоҳиди кӯҳнишин; сарроф, хизонадор.
Тири пайкондор, киноя аз қомат.

пешина
аз 349
навбатӣ