Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун чашми падар зи гиря пардохт, Сар то қадамаш назар барандохт, Дидаш чу бараҳнагони маҳшар Ҳам пой бараҳна монда, ҳам сар.
1 Аз айба кушод кисвате нағз, Пӯшид дар ӯ зи пой то мағз, Дар ҳайкали ӯ кашид ҷома
2 Аз ғояти кашф то амома.
Аз ҳар масале, ки ёд будаш, Панде падарона менамудаш, К-эй ҷони падар, на вақти хоб аст, К-айём дуаспа дар шитоб аст, З-ин раҳ, ки гиё-ш теғи тез аст, Бигрез, ки маслиҳат гурез аст.
Дар захми чунин нишонагоҳе Соле-т нишаста гиру моҳе.
Тире зада чархи бемадоро, Хун рехта аз ту ошкоро, Рӯзе ду-се пайфишурда гират, Афтода зи пой, мурда гират.
Дар мурдорӣ зи гург то шер Карда даду домро шикамсер.
Беҳтар саги шаҳри хеш будан,
3 То зулли ғарибӣ озмудан.
Чандон ки давид пай, давидӣ, Ҷое нарасидиву расидӣ.
Ранҷида шудан на рой дорад, Бо ранҷкашӣ кӣ пой дорад?
Он рӯдкада, ки ҷои об аст, Аз сел нигар, ки чун хароб аст В-он кӯҳ, ки сел аз ӯ гурезад,
4 Дар зилзила, бин, ки чун гурезад.
З-ин сон ки ту захму ранҷ бинӣ, Фарсуда шавӣ, гар оҳанинӣ!
Аз тавсании ту пур шуд айём, Рӯзе ду-се ром шав, биором.
Сар рафту ҳанӯз бадлагомӣ, Дил сӯхта шуд, ҳанӯз хомӣ.
Сокин шав аз ин ҷамоза рондан, Бо ёвагиён фарас давондан,
5 Гаҳ мушрифи девхона будан,

1
Ҷомадон.
2
Кафш.
3
Хорӣ, мазаллат.
Ҳам ба тақозои риояи қофия ва ҳам мантиқан бояд «бирезад» бошад.
Нозири дафтардорӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ