Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гаҳ девчаи замона будан!
Собир шаву пойдору бишкеб,
Худро ба даме дурӯғ бифреб,
Хуш бош ба ишва, гарчи бод аст,
Бас оқил, к-ӯ ба ишва шод аст.
Гар ишва бувад дурӯғу гар рост,
Охир, нафасе тавонад орост.
Беҳ, гар нафасе-т хуш барояд,
То худ нафаси дигар чи зояд.
Ҳар хушдилие, ки он на ҳолист,
Аз такяи эътимод холист.
Бас гандум, к-он захира карданд,
З-он ҷав, ки заданд, ҷав нахӯрданд.
Имрӯз, ки рӯзи умр барҷост,
Мебояд кард кори худ рост.
Фардо, ки аҷал инон бигирад,
Узри ту ҷаҳон куҷо пазирад?
Шарбат на зи хоси хешат оранд,
Ҳам пардаи ту ба пешат оранд.
Он пӯшад зан, ки ришта бошад,
Мард он даравад, ки кишта бошад.
Имрӯз бухури ҷаҳд месӯз,
То бӯи хуше-т бошад он рӯз!
Пешина иёри марг месанҷ,
То марг расад, набошадат ранҷ.
Аз панҷаи марг ҷон касе бурд,
К-ӯ пеш зи марги хештан мурд.
Ҳар сар, ки ба вақти марг пеш аст,
Силизадаи қафои хеш аст
В-он лаб, ки дар он сафар бихандад,
Аз пухтаи хеш тӯша бандад.
Майдони ту бекас аст, биншин,
Шӯридасарӣ бас аст, биншин,
Ороми дилест ҳар дамеро,
Поёне ҳаст ҳар ғамеро!
Сагро ватану туро ватан нест,
Ту одамиӣ, дар ин сухан нест.
Гар одамиӣ, чу одамӣ бош
В-ар дев, чу дев дар замӣ бош!
Ғӯле, ки басич дар замӣ кард,
Худро ба такаллуф одамӣ кард,
Ту одамиӣ, бад-ин шарифӣ
Бо ғӯл чаро кунӣ ҳарифӣ?

Шулук.

пешина
аз 349
навбатӣ