Ҳафтахтар Ҷилди 3

ҶАВОБ ДОДАНИ МАҶНУН ПАДАРРО
Чун панди падар шунуд фарзанд,
Мехост, ки дил ниҳад бар он панд.
Рӯзе ду ба чобукӣ шикебад,
Модар кушаду падар фиребад.
Чун тавбаи ишқ месиголид,
Ишқ омаду гӯши тавба молид.
Дар ишқ, ки пил ҳам пиёда-ст,
Мардона касест, к-уфтодаст.
Шери намадину шери беша,
Ин дӯзаду он дарад ҳамеша.
Тире, ки зи шасти ишқ хезад,
Бар дасти зананда захм резад.
Маҷнуни табоҳмағзи беҳуш,
Чун кард насиҳати падар гӯш,
Гуфт: эй нафаси ту ҷонфизоям,
Андешаи ту гиреҳкушоям,
Мавлои насиҳати ту ҳушам,
Дар ҳалқаи бандагӣ-т гӯшам.
Панди ту чароғи ҷонфурӯзист,
Нашнидани ман зи тангрӯзист.
Фармони ту карданист, донам,
Кӯшам, ки кунам, наметавонам.
Бар ман зи хирад чи сикка бандӣ,
Бар сиккаи кори ман чи хандӣ?
Дар хотири ман, ки ишқ варзад,
1
Олам ҳама ҳаббае наарзад!
Бахтам на чунон ба бод додаст,
К-аз ҳеҷ шунидае-м ёд аст,
Ҳар ёд, ки буд, рафт бар бод,
Ҷуз фармушиам намонда бар ёд.
Имрӯз магӯ: чи хӯрдаӣ дӯш,
К-он худ сухане бувад фаромӯш.
Гар з-он чи равад дар ин замонам,
Пурсӣ, ки чи мекунӣ, надонам!
Донам, падарӣ ту, ман - ғуломат
В-огоҳ наям, ки чист номат!
Танҳо на падар зи ёди ман рафт,
Худ ёди ман аз ниҳоди ман рафт,
Дар худ ғалтам, ки ман чи номам,
Маъшуқаму ошиқам, кадомам?
Чун барқ дилам зи гармӣ афрӯхт,
Дилгармии ман вуҷуди ман сӯхт.
Дона; ҷав.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо