Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чун ман ба каричаву гиёе
Қонеъ шудаам зи ҳар абое,
Пиндорам, к-осиёи даврон
Пардохта гашт аз обу аз нон.
Дар ваҳшати хеш гаштаам гум,
Ваҳшӣ назияд миёни мардум.
Бо ваҳш касе, ки унс гирад,
Ҳам одати ваҳшиён пазирад.
Чун харбузаи магасгазида
Беҳ, гар шавам аз шикам бурида.
Тарсам, ки зи ман барояд ин гард,
Дар ҷумлаи бӯстон расад дард.
Беҳ, к-обиларо зи тифл пӯшанд,
То хуни баҷӯшро наҷӯшанд.
Моил ба харобӣ аст ройам,
Он беҳ, ки хароба гашт ҷойам.
Кам гир зи мазраат гиёҳе,
Гӯ, дар адам афт хоки роҳе.
Як ҳарф магир, аз он чи хондӣ,
Пиндор, ки нутфае нарондӣ.
Гӯре бикану бар ӯ бинеҳ даст,
Пиндор, ки мурд ошиқе маст.
З-он кас натавон салоҳ дархост,
К-аз вай қалами салоҳ бархост.
Гуфтӣ, ки раҳи раҳил пеш аст
В-ин гумшуда дар раҳили хеш аст,
То реҳлати ту хазони ман буд,
Они ту надонам, они ман буд.
Бар марги ту зинда ашк резад,
Ман мурда, зи мурдае чӣ хезад!
ВИДОЪ КАРДАНИ ПАДАР МАҶНУНРО
Чун дид падар, ки дардманд аст,
Дар олами ишқ шаҳрбанд аст,
Бардошт аз ӯ умеди беҳбуд,
К-он риштаи таб пур аз гиреҳ буд.
Гуфт: эй ҷигару ҷигархӯри ман,
2
Ҳам ғулли ману ҳам афсари ман,
Навмедии ту самоъ кардам,
Худрову туро видоъ кардам!
Афтод падар зи кор, бигрӣ,
Бигрӣ ба сазову зор бигрӣ,
Дар гарданам ор дасту бархез,
Обе зи сиришк бар рухам рез,
Ғор.
Тавқи оҳанӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо