Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар адҳам зин ниҳад, рустамниҳод аст,
Ба май хӯрдан нишинад, Кайқубод аст.
Шабе, к-ӯ ганҷбахширо диҳад дод,
Кулоҳи ганҷи Қорунро барад бод!
Сухан гӯяд, дур аз марҷон барорад,
Занад шамшер, шер аз ҷон барорад.
Чу дарҷунбад рикоби қутбвораш,
Инондуздӣ кунад бод аз ғубораш.
Насаб гӯӣ, баномэзид, зи Ҷамшед,
Ҳасаб пурсӣ, биҳамдиллаҳ, чу Хуршед!
Ҷаҳон, бо мавкибаш раҳ танг дорад,
Алам болои ҳафт авранг дорад.
Чу зар бахшад, шутур бояд ба фарсанг,
Чу вақти оҳан ояд, вой бар санг!
Чу дорад дашнаи пӯлодро пос,
Бисунбонад зиреҳ в-ар бошад алмос.
Чу бошад навбати шамшербозӣ,
Хатибонро диҳад шамшери ғозӣ.
Қадамгоҳаш заминро хаста дорад,
Шитобаш чархро оҳиста дорад.
Фалак бо ӯ ба майдон кундшамшер,
Ба гашташ низ гаҳ болову гаҳ зер.
Ҷамолашро, ки базморои ид аст,
Ҳунар асливу зебоӣ мазид аст.
Ба иқболаш дил истиқбол дорад,
Чу ҳаст иқболи кор, иқбол дорад.
Бад-ин фарру ҷамол он оламафрӯз
Ҳавои ишқи ту дорад шабу рӯз.
Хаёлатро шабе дар хоб дидаст,
Аз он шаб ақлу ҳуш аз вай рамидаст.
На май нӯшад, на бо кас ҷом гирад,
На шаб хусбад, на рӯз ором гирад.
Ба ҷуз Ширин нахоҳад ҳамнафасро,
Бад-ин талхӣ мабодо айш касро!
Маро қосид бад-ин хидмат фиристод,
Ту донӣ, неку бад, кардам туро ёд!»
Аз ин дар гуна-гуна дур ҳамесуфт,
Сухан, чандон ки медонист, мегуфт
В-аз он ширинсухан Ширини мадҳуш
Ҳамехӯрд он суханҳо хуштар аз нӯш.
Бад-он омад, ки сад бор афтад аз пой,
Ба санъат хештан медошт бар ҷой.
Замоне буду гуфт: «Эй марди ҳушёр,
Чӣ медонӣ кунун тадбири ин кор?»
Бад-ӯ Шопур гуфт: «Эй рашки Хуршед,
Дилат осуда боду умр ҷовид!

пешина
аз 349
навбатӣ