Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

1 Ин гуфту аз он ҳазира бархост, Ман низ шудам ба роҳи худ рост.
Дирӯз бад-он нишон, ки фармуд, Рафтам ба дари висоқи ӯ зуд, Дидам-ш, кабуд карда ҷома, Пӯшида ба ман супурд нома.
Бар нома ниҳод муҳри андӯҳ,
2 Яъне, карамал китобу хатмӯҳ В-он нома, чунон ки буд, бикшод, Бӯсиду сабук ба дасти ӯ дод.
3 Маҷнун, чу сиҳои номаро дид, Ҷуз нома, ҳар он чи буд, бидрид.
Бар пой ниҳод сар чу паргор, Баргашт ба гирди хеш сад бор.
Афтод, чунон ки уфтад маст, Ӯ рафта зи дасту нома дар даст.
Омад чу ба ҳуши хештан боз, Дод аз дили худ шикебро соз.

4
МУФОДИ НОМАИ ЛАЙЛӢ БА МАҶНУН

Чун бозкушод номаро банд,
Буд аввали нома карда пайванд:
Ин нома ба номи подшоҳе,
Ҷонзиндакуне, хирадпаноҳе,
Донотари ҷумла кордонон,
Донои забони безабонон,
Қассоми сапедиву сиёҳӣ,
Рӯзидеҳи ҷумла мурғу моҳӣ,
Равшанкуни осмон ба анҷум,
Пироядиҳи замин ба мардум,
Фарди азалӣ ба зулҷалолӣ,
Ҳаййи абадӣ ба лоязолӣ,
Ҷон доду ба ҷонвар ҷаҳон дод,
З-ин беш хазина чун тавон дод!
Орост ба нури ақл ҷонро,
Бифрӯхт ба ҳарду ину онро.
З-ин гуна басе гуҳар фишонда
В-он гоҳ ҳадиси ишқ ронда,

1 Хурмозор; ҷое, ки хурмо мехушконанд; дар ин ҷо ба маънои макони Маҷнун - ҷое, ки бо хору хас иҳота шудааст.
2 Хатми (хулосаи) китоби ҷавонмардӣ, азизӣ, бузургворӣ, гаронмоягӣ.
Риштаи лифофа.
Маънӣ, мазмун.

пешина
аз 349
навбатӣ