Ҳафтахтар Ҷилди 3

К-ин нома, ки ҳаст чун паранде,
Аз ғамзадае ба дардманде,
Яъне, зи мани ҳисорбаста,
Наздики ту, эй қафасшикаста.
Эй ёри қадимаҳд, чунӣ
12
В-эй Маҳдии ҳафт маҳд, чунӣ?
Эй хозини ганҷи ошноӣ,
Ишқ аз ту гирифта рӯшноӣ!
Эй хуни ту дода кӯҳро ранг,
Сокин шуда чун ақиқ дар санг!
Эй чашмаи Хизр дар сиёҳӣ,
Парвонаи шамъи субҳгоҳӣ!
Эй аз ту фитода дар ҷаҳон шӯр,
Гӯре ду-се карда мӯниси гӯр!
Эй захмгаҳи маломати ман,
Ҳамқофилаи қиёмати ман!
Эй раҳм накарда бар тани хеш
В-оташ зада-бар ба хирмани хеш!
Эй дил ба вафои ман ниҳода,
Дар маърази гуфтугӯ фитода!
Ман дил ба вафои ту супурда,
Ту дил зи вафои ман набурда!
Чуниву чи гунаӣ, чи созӣ,
Ман бо ту, ту бо кӣ ишқ бозӣ?
Чун бахти ту дар фироқам аз ту,
Ҷуфти туам, арчи тоқам аз ту
В-он ҷуфтаниҳода, гарчи ҷуфт аст,
Сар бо сари ман шабе нахуфтаст,
Ман суда, вале дурам насудаст,
Алмоси касаш наозмудаст,
Ганҷи гуҳарам, ки дарбамуҳр аст,
Чун ғунчаи боғ сарбамуҳр аст,
Шӯй арчи шукӯҳи шӯй дорад,
Бе рӯи туам чи рӯй дорад!
Дар сир нишони савсанӣ ҳаст,
Райҳон нашавад валек дар даст,
Чун зардхиёр кунҷ гардад,
Ҳамколбади турунҷ гардад,
Туршӣ кунад аз турунҷхӯӣ,
Аммо надиҳад турунҷбӯӣ!
Мехостаме, к-аз ин ҷаҳонам
Бошад чу туе ҳамошёнам
Ҳидоятшуда; пайғамбари охирзамон.
Ҳафт иқлими Замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор