Ҳафтахтар Ҷилди 3

НОМАИ МАҶНУН ДАР ПОСУХИ ЛАЙЛӢ
…Ин нома зи ман, ки беқарорам,
Наздики ту, эй қарори корам,
Не, не, ғалатам, зи хунбаҷӯше
В-он гаҳ ба куҷо - ба хунфурӯше,
Яъне, зи мани калиддарсанг
Наздики ту, эй хазина дар чанг!
Ман хоки туам бад-ин харобӣ,
Ту оби киӣ, ки равшан обӣ?
Ман дар қадами ту мешавам паст,
Ту дар камари кӣ мезанӣ даст?
Ман дардситони ту ниҳонӣ,
Ту дарди дили кӣ меситонӣ?
1
Ман ғошияи ту баста бар дӯш,
Ту ҳалқаи кӣ ниҳода дар гӯш?
Эй каъбаи ман ҷамоли рӯят,
Меҳроби ман остини кӯят,
Эй марҳами сад ҳазор сина,
Дур дар майу май дар обгина,
Эй тоҷ, вале на дар сари ман,
Тороҷи ту лек бар дари ман,
Эй ганҷ, вале ба дасти ағёр,
З-он ганҷ ба дасти дӯстон мор!
Эй Боғи Ирам ба бекалидӣ,
Фирдавси фалак ба нопадидӣ,
2
Эй банди маро муфаттеҳ аз ту,
Савдои маро муфарреҳ аз ту!
Ин чӯб, ки уди бешаи туст,
Машкан, ки ҳалоки тешаи туст,
Бинвоз маро, мазан, ки хокам,
Афрӯхта кун, ки гарднокам.
Гар бинвозӣ, баҳорат орам
В-ар захм занӣ, ғуборат орам,
Лутф аст ба ҷои хок дархӯрд,
К-аз лутф гул ояд, аз ҷафо гард.
Дар пои туам ба сарфишонӣ,
Ҳамсар макунам ба саргаронӣ.
Он роҳ мадеҳ, ки барситезам
В-он об, ки мекашам, бирезам.
Чун бархезад тариқи озарм,
Гардад ҳама шармнок бешарм.
Ҳастам ба ғуломии ту машҳур,
Хасмам кунӣ, ар кунӣ зи худ дур.
Ба маънии бандагӣ, гадоӣ.
Кушод, кушодӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор