Ҳафтахтар Ҷилди 3

Доно, беҳ, агар наоварад ёд
З-он ғам, ки мухолифе шавад шод.
Эй дар ҳақи худ чунон ки ҳастӣ,
Хуш бош дар ин миён, ки ҳастӣ.
Дар хат машав, ар ҷаҳон бигардад,
К-ин чарх замон-замон бигардад.
Деҳқон, манигар, ки дона резад,
Он бин, ки зи дона дона хезад.
Он нахл, ки дорад ин замон кор,
Фардо рутаби тар оварад бор
В-он ғунча, ки дар хасак ниҳуфта-ст,
Пайғомдиҳи гули шукуфта-ст.
Дилтанг мабош, агар касат нест,
Ман кас наям, охир, ин басат нест!
Фарёд зи бекасӣ на рой аст,
К-охир, каси бекасон Худой аст!
Аз бепадарӣ масӯз чун барқ,
Чун абр машав ба гиря-дар ғарқ,
Гар рафт падар, писар бимонод!
Кон, гӯ, бишикан, гуҳар бимонод!
Маҷнун, ки бихонд номаи дӯст,
Афтод бурун чу ғунча аз пӯст.
Ҷуз «Ё Раб!»-аш аз даҳан наомад,
Як лаҳза ба хештан наомад.
Чун шуд ба қарори худ тануманд,
Бишмурд ба гиря соате чанд
В-он қосидро бидошт барҷой,
Гаҳ дасташ бӯса доду гаҳ пой,
Гуфто, ки на коғазу на хома,
Чун рост кунам ҷавоби нома?
Қосид зи миён кушод дурҷе,
Чобук шуда чун вакили харҷе
В-асбоби дабирие, ки бояд,
Биспурд бад-ӯ, чунон ки шояд.
Маҷнун қалами раванда бардошт,
Нақше ба ҳазор нукта бингошт,
Дерина ғаме, ки дар дилаш буд,
Дар мурсалаи сухан баромуд.
Чун нома тамом кард, сар баст,
Бифканд ба пеши қосид аз даст.
Қосид ситаду давид чун бод,
З-он гуна, ки бурд номаро, дод,
Лайлӣ чу ба нома-дар назар кард,
Ашкаш бидавиду нома тар кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор