Ҳафтахтар Ҷилди 3

Рӯзам чу шаби сиёҳ кардӣ,
Ҳам захм задӣ, ҳам оҳ кардӣ.
Дар дилситадан надодиам дод,
Гар ҷон бибарӣ, кай ориам ёд?
Захме ба забон ҳамефурӯшӣ,
Ман сӯхтаму ту барнаҷӯшӣ.
На ҳар ки забон дароз дорад,
Захм аз тани хеш боздорад.
Савсан зи сари забондарозӣ
Шуд дар сари теғу теғбозӣ.
Ёре, ки бувад маро харидор,
Ҳам бар рухи ӯ бувад падидор.
Он-ч аз ту маро дар ин мақом аст,
Бинмой маро, ки то кадом аст,
Ин аст, ки аҳди ман шикастӣ,
Дар уҳдаи дигаре нишастӣ!
Бо ман ба забон фиреб созӣ,
Бо ӯ ба мурод ишқ бозӣ.
Гар ошиқӣ, оҳи содиқат ку,
Бо ман нафаси мувофиқат ку,
Дар ишқи ту чун мувофиқӣ нест,
Ин салтанат аст, ошиқӣ нест.
Ту фориғ аз он, ки бедиле ҳаст
1
В-андӯҳи туро муомиле ҳаст,
Ман дида ба рӯи ту кушода,
Сар бар сари кӯи ту ниҳода,
Бар қуръаи чорҳадди кӯят
Фоле занам аз барои рӯят.
Осуда касе, ки дар ту бинад,
На он, ки ба рӯзи ман нишинад.
Хуррам на маро, тавонгареро,
К-ӯ дорад чун ту гавҳареро.
Боғ арчи зи булбулон пуроб аст,
Анҷир наволаи ғуроб аст.
Об аз дили боғбон хурад нор,
Бошад, ки хурад чу нуқл бемор.
Дерест, ки то ҷаҳон чунин аст,
Муҳтоҷ ту, ганҷ дар замин аст.
Кай мебинам, ки лаъли гулранг
Берун ҷаҳад аз шиканҷаи санг
В-он Моҳ, к-аз ӯст дидаро нур,
Гардад зи даҳони аждаҳо дур,
Занбӯр парида, шаҳд монда,
Хозин шуда моҳу маҳд монда,
Бикшода хазина в-аз ҳисораш
Афтода ба дар хазинадораш,
Харидор, ҳаводор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор