Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Деҳқони хасис рафта аз боғ,
Булбул шуда дар нишемани зоғ,
Дар боғчаи гули қасабчин
1
Гардан зада зангии рутабгин,
З-оина ғубори занг бурда,
Ганҷина ба ҷову мор мурда,
Дизбонуи ман зи диз кушода,
Дизбони вай аз диз уфтода.
Гар ман шудам аз чароғи ту дур,
Парвонаи ту мабод бенур!
Гар кушт маро ғами маломат,
Бод ибни Саломро саломат!
Эй неку бади миҷозам аз ту,
Дардам зи туву илоҷам аз ту,
Ҳарчанд ҳисорат оҳанин аст,
Луълӯи тарат садафнишин аст
В-аз ҳалқаи зулфи пуршиканҷат
Дар домани аждаҳост ганҷат.
Донӣ, ки зи дӯстдории хеш
Бошад дили дӯстон бадандеш,
Бар ман зи ту сад ҳавас нишинад,
Гар бар ту яке магас нишинад!
З-он ошиқ кӯртар касе нест,
К-ӯро магасе чу каргасе нест,
Чун мӯрча беқарор аз онам,
То он магас аз шакар биронам!
Ин он масал аст, к-он ҷавонмард
Бе моя ҳисоби суд мекард,
Андӯҳи гули начида медошт,
Поси дури нохарида медошт.
Бигзашт зи ишқат, эй суманбар,
Кор аз лаби хушку дидаи тар.
Шӯридатарам аз он чи дидӣ,
Маҷнунтар аз он, ки ме-шунидӣ.
Бо ту худии ман аз миён рафт,
Ин роҳ ба бехудӣ тавон рафт.
Ишқе, ки дил инчунин наварзад,
Дар мазҳаби ишқ ҷав наарзад.
Чун аз лаби ту тамаъ надорам
Бӯсе, ки диҳӣ ба ёдгорам,
Вақте ки абири лутф соӣ,
Ё нофаи хуни хуш кушоӣ,
Бӯе ба насими субҳ биспор,
З-он бӯй маро кушода кун кор!

Рутаб – хурмои тар.

пешина
аз 349
навбатӣ