Ҳафтахтар Ҷилди 3

Аз боғи рухат, ки бод сероб,
Хоҳам рутабе, валек дар хоб.
Аз бодаи ҷоми ту, дилором,
Дорам тамаъе на ончунон хом,
Ё раб, чи хуш он майи муғона,
К-аз дасти туам диҳад замона,
Бо ман ту нишаста бодадардаст,
Ман гашта зи бодаи ту сармаст,
Аз дасту даҳони ту пайопай
Гаҳ бӯса ситонаму гаҳе май!
1
Беҷодалабе бад-он зарифӣ
Чун бошад, чун кунад ҳарифӣ!
Шаҳде, ки ақиқгуна бошад,
Ӯро бимазӣ, чи гуна бошад!
Гоҳе зи лаби ту мемазам нӯш,
Гоҳ оварамат чу ҷон дар оғӯш,
Гаҳ бар занахи ту даст соям,
Гоҳе шакар аз лабат рабоям.
Ин ҷумла, ки гуфтаам, фасона-ст,
Бо ту ба сухан маро баҳона-ст!
Гар на ман аз ин ҳисоб дурам,
Дидори туро зи худ ғаюрам.
Бар пои тамаъ ниҳодаам банд,
Аз ту ба ҳикояти ту хурсанд.
Гар бо ту ҳазор шаб нишинам,
Аз рашки ту дар ту ҳам набинам!
Чун ишқи ту дар ман устувор аст,
Бо сурати ту маро чи кор аст?
Шар гашт маро шариф бо ту,
Ё ишқ маро ҳариф бо ту,
Чун ишқи ту рӯй менамояд,
Гар рӯи ту ғоиб аст, шояд!
Ишқи ту рафиқи рози ман бод,
Захми ту ҷигарнавози ман бод,
Бо захми ту гарчи марҳаме нест,
Чун ту ба саломатӣ, ғаме нест!
Гар ман шудам аз фироқ ранҷур,
Бод аз ту фироқи чун мане дур!
Гар лошахари ман афтад аз пой,
Тозифараси ту бод барҷой!
Идбори ман ар шавад ниҳонӣ,
Иқболи ту бод ҷовидонӣ!
Ҳар сар, ки нашуд мутеъи ройат,
Андохта бод зери пойат!
Беҷода – ҷавҳаре сурх.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор