Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфтӣ, ки зи хона ногузир аст,
Ин нард на нарди хонагир аст.
Бигзор маро ту дар чунин дард,
Ман дардзада-м, ту бозпас гард! -
Ин гуфту чу соя дар сар афтод,
Дар бӯсаи пои модар афтод,
З-он ҷо, ки надошт поси ройаш,
Бӯсид ба узр хоки пойаш.
Кардаш ба видоъу шуд дар он дашт,
Модар бигиристу бозпас гашт,
Ҳамчун падараш ҷаҳон ба сар бурд,
Ӯ низ дар орзӯи ӯ мурд.

ОГОҲИИ МАҶНУН АЗ ВАФОТИ МОДАР

Чун шоҳсавори чархи гардон
Майдон биситад зи ҳамнабардон,
Хуршед зи бими аҳли офоқ
Қарробаи май ниҳод бар тоқ,
Субҳ аз сари шӯрише, ки ангехт,
Қарроба шикасту май бурун рехт,
Маҷнун ба ҳамон қасидахонӣ
Мезад дуҳули ҷаридаронӣ,
Меронд ҷарида бар ҷарида,
Мехонд қасида бар қасида.
Аз модари худ хабар набудаш,
К-омад аҷал, аз ҷаҳон рабудаш.
Як бори дигар Салими дилдор
Омад бари он ғариби ғамхор,
Додаш хуришу либос пӯшид,
Мотамзадагона бархурӯшид,
К-он пирзани балорасида
Дур аз ту ба ҳам ниҳод дида,
Рахт аз бунгоҳи ин саро бурд,
Дар орзуи ту чун падар мурд!
Маҷнун зи раҳили модари хеш
Зад дасти дареғ бар сари хеш,
Нолид чунон, ки дар саҳар чанг,
Афтод чунон, ки шиша дар санг.
Мекард зи модару падар ёд,
Шуд бар сари хокашон ба фарёд,
Бар турбати ҳарду зор нолид,
Дар машҳади ҳар ду рӯй молид.
Гаҳ рӯй дар ину гаҳ дар он суд,
Дору паси марг кай кунад суд!

пешина
аз 349
навбатӣ