Ҳафтахтар Ҷилди 3

Хешон чу хурӯши ӯ шуниданд,
Як-як зи қабила ме-давиданд,
Диданд варо бад-он низорӣ,
Афтода ба хок-бар ба хорӣ,
Хуноба зи дидагон кушоданд,
Дар пои фитода-дар фитоданд,
Ҳар дида зи рӯи сустхезӣ
Мекард бар ӯ гулобрезӣ.
Чун ҳушрамида гашт ҳушёр,
Доданд бар ӯ дуруди бисёр,
Карданд ба бозбурданаш ҷаҳд,
То бо ватанаш кунанд ҳамаҳд.
Оҳе заду роҳи кӯҳ бардошт,
Рахти худ аз он гурӯҳ бардошт.
Мегашт ба гирди кӯҳу ҳомун
Дил пурҷигару ҷигар пур аз хун.
Муште дадагон фитода аз пас,
На ёри касу на ёри ӯ кас…
ХОНДАНИ ЛАЙЛӢ МАҶНУНРО
Лайлӣ на, ки луъбати ҳисорӣ,
1
Дизбонуи қалъаи аморӣ,
Гашт аз дами ёр чун дами мор,
Яъне, ба ҳазор ғам гирифтор.
Дилтанг чу дастгоҳи ёраш,
Дарбастатар аз ҳисоби кораш.
Дар ҳалқаи риштаи гиреҳманд
Зиндонии бандгашта бе банд.
Шӯяш ҳамарӯза доштӣ пос,
Перомуни дур шикастӣ алмос,
То нагрезад шабе чу мастон
Дар рахнаи дайри бутпарастон,
Бо ӯ зи хушиву меҳрубонӣ
Кардӣ ҳамарӯза ҷонфишонӣ.
Лайлӣ зи сари гирифтачеҳрӣ
Дидӣ суи ӯ ба сардмеҳрӣ.
Рӯзе, ки навола бемагас буд,
Шаб зангиву ҳуҷра беасас буд,
Лайлӣ бадар омад аз дари кӯй,
Машғул ба ёру фориғ аз шӯй.
Дар раҳгузаре нишаст дилтанг,
Дур аз раҳи душманон ба фарсанг,
Каҷова, ки барои одамкашӣ дар болои чорпоён дуруст мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор