Ҳафтахтар Ҷилди 3

Меҷуст касе, ки ояд аз роҳ,
Бошад зи ҳадиси ёраш огоҳ.
Ногоҳ падид шуд ҳамон пир,
К-аз чорагарӣ накард тақсир,
Дар роҳу равиш чу Хизр пӯён,
Ҳинҷорнамову роҳҷӯён.
Пурсидаш луъбати ҳисорӣ,
К-аз кори фалак хабар чи дорӣ,
Он ваҳшнишини ваҳшатомез
Бар ёди кӣ мекунад забон тез?
Пир аз сари меҳр гуфт, к-эй моҳ,
Он Юсуфи бе ту монда дар чоҳ,
Он қулзуми нонишаста аз мавҷ
В-он моҳи ҷудофитода аз авҷ,
Овоз кушода чун мунодӣ,
Мегардад дар миёни водӣ.
Лайлигӯён ба ҳар ду гоме,
Лайлиҷӯён ба ҳар мақоме,
Аз неку бади худаш хабар нест,
Ҷуз бар раҳи Лайлиаш гузар нест!
Лайлӣ чу шуд огаҳ аз чунин ҳол,
Шуд сарвбунаш зи нола чун нол,
Аз тоқчаи ду наргиси ҷуфт,
Бар суфти суман ақиқ месуфт,
Гуфто: манам он рафиқи дилсӯз,
К-аз ман шуда рӯзи ӯ бад-ин рӯз.
Аз дард наям ба як замон фард,
Фарқ аст миёни мо дар ин дард.
Ӯ бар сари кӯҳ мекашад роҳ,
Ман дар буни чоҳ мезанам оҳ.
Аз гӯш кушод гавҳаре чанд,
Бӯсиду ба пеши пир афканд,
К-инро биситону бозпас гард,
Бо ӯ нафасе ду ҳамнафас гард,
Наздики ман ораш аз раҳи дур,
Чандон ки назар кунам дар он пур!
Ҳолӣ, ки биоварӣ зи роҳаш,
Биншон ба фалон нишонагоҳаш,
Наздики ман ой, то ман оям,
Пинҳон ба рухаш назар кушоям,
Бинам, ки чи обу ранг дорад,
Дар вазни вафо чи санг дорад,
Бошад, ки зи гуфтаҳои хешам
Хонад ду-се байти тоза пешам,
Гардад гираҳи ман уфтода
Аз хондани байти ӯ кушода!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор