Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар хоки ман он ғариби хокӣ
Нолад ба дареғу дарднокӣ.
Ёр асту аҷаб азиз ёр аст,
Аз ман ба бари ту ёдгор аст.
Аз баҳри Худо, накӯ-ш дорӣ,
Дар вай накунӣ назар ба хорӣ!
Он дил, ки наёбияш, биҷӯӣ
В-он қисса, ки донияш, бигӯӣ.
Ман доштаам азизвораш,
Ту низ чу ман азиз дораш!
Гӯ, Лайлӣ аз ин сарои дилгир
Он лаҳза, ки мебурид занҷир,
Дар меҳри ту тан ба хок медод,
Бар ёди ту ҷони пок медод,
Дар ошиқии ту содиқӣ кард,
Ҷон дар сари кори ошиқӣ кард,
Аҳвол чи пурсиям, ки чун рафт,
Бо ишқи ту аз ҷаҳон бурун рафт,
То дошт дар ин ҷаҳон шуморе,
Ҷуз бо ғами ту надошт коре
В-он лаҳза, ки дар ғами ту мемурд,
Ғамҳои ту роҳтӯша мебурд
В-имрӯз, ки дар ниқоби хок аст,
Ҳам дар ҳаваси ту дарднок аст.
Чун мунтазирон дар ин гузаргоҳ
1
Ҳаст аз қибали ту чашм бар роҳ,
Мепояд, то ту дар пай оӣ,
Сар бозпас аст, то кай оӣ,
Як раҳ бираҳон аз интизораш,
Дархаз ба хазинаи канораш!
Ин гуфту ба гиря дида тар кард
В-оҳанги вилояти дигар кард.
Чун рози нуҳуфта бар забон дод,
Ҷонон талабиду зуд ҷон дод.
Модар, ки арӯсро чунон дид,
Оё, ки қиёмат он замон дид!
Миъҷар зи сари сапед бикшод,
Мӯи чу суман ба бод-бар дод.
Дар ҳасрати рӯву мӯи фарзанд
Бар мезаду мӯву рӯй меканд.
Ҳар мӯя, ки буд, хондаш аз бар,
Ҳар мӯй, ки дошт, кандаш аз сар.

Сӯ, тараф.

пешина
аз 349
навбатӣ